«Роҳи оҳани Тоҷикистон» ба шарҳи изҳороти Онишенко омода нест

Пайрав Чоршанбиев


Раҳбарияти КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ҳанӯз ба шарҳу тавзеҳи изҳороти роҳбари «Роспотребнадзор»-и Русия Геннадий Онишенко пас аз санҷиши қатораи хатсайри Душанбе-Маскав дар вилояти Астрахан омода нест.

Муовини аввали сардори КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Владимир Собкалов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки «ҳоло чизе маълум нест» ва шарҳе ҳам дода наметавонад. Ҳамчунин Собкалов аз шарҳи дар қатораи хатсайри Кӯлоб-Маскав дарёфт ва мусодира гардидани 4 кило героин ва ҳамчунин роҳбалади маводи нашъаовар истеъмолкарда низ худдорӣ варзид. «Мо дар ин самт кор бурда истодаем, вале чун ҳайат ҳоло барнагштааст, чизи мушаххасе дар ин хусус гуфта наметавонем», – афзуд ӯ.

Ёдрас мекунем, ки зимни боздид аз истгоҳи Ақсарайски вилояти Астрахан ноиби нахуствазири Русия Дмитрий Рогозин бо вазъи иншооти хадамоти марзбонӣ ва гумрук ошно гардида, ҳамроҳи роҳбари Роспотребнадзор Геннадий Онишенко бо вазъи қатораи Душанбе-Маскав низ шинос шудаанд.

Геннадий Онишенко

аз вазъи хеле бади зиддисанитарии вагон-тарабхонаи

қатора барошуфтааст, зеро ӯ дар паҳлӯи зарфҳо хобидани кормандони ҳайати қатораро мушоҳида кардааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...