Ташрифи намояндаи ВКХ Британия ба Тоҷикистон

Пайрав Чоршанбиев


Роҳбари намояндагии Вазорати корҳои хориҷии Британияи Кабир оид ба масоили савдо ва сармоягузорӣ дар Туркия, Осиёи Миёна ва Қафқоз Ли Турнер имрӯз бо сафари серӯзаи корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз сафоратхонаи Британияи Кабир дар ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни сафар Ли Турнер бо мушовири давлатии президенти ҶТ оид ба сиёсати иқтисодӣ Фаррух Ҳамралиев, вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Шариф Раҳимзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Давлаталӣ Саидов ва ҳамчунин раиси Шӯрои ҳамоҳангсози ассотсиатсияи тоҷирони Тоҷикистон, роҳбари Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони ҷумҳурӣ Зайд Саидов гуфтушунид анҷом медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин боздиди меҳмони бритониёӣ ва вилояти Суғд ва мулоқоти ӯ бо раиси вилоят Қоҳир Расулзода низ дар назар аст.

Ба гуфтаи сафири Британияи Кабир дар ҶТ Робин Орд-Смит, Турнер бо вазъи иқтисоди Тоҷикистон аз наздик ошно гардиданист, то ки воситаҳои дастгирӣ барои рушди онро мушаххас намояд.

«Ахиран мо дарк намудем, ки ба масоили дастгирии иқтисоди кишварҳои Осиёи Миёна таваҷҷуҳи кофӣ зоҳир намесозем. Сафари мазкур як қисмати тарзи нави стратегияи Британияи Кабир барои дастгирии иқтисоди кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон мебошад», – афзуд сафир.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...