Конфронси ёдбуди профессор М.Бобохонов дар ДСРТ


Дар Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон (ДСРТ) ба хотири ёдбуди муассиси маҳфил, доктори улуми таърих Мансур Бобохонов конфронси маҳфили «Донишварони диаспораҳои тоҷикон» баргузор шуд.

Ректори донишгоҳ Нуралӣ Солеҳов бо сухани ифтитоҳӣ ба кори конфронс ҳусни оғоз бахшида, саҳми олим дар рушди илми таърихи тоҷик, таҳия ва ба барномаи таълимии макотиби олӣ ворид кардани курси махсуси «Таърихи тоҷикони ҷаҳон», омӯзиш ва писанди донишҷӯёну олимони ҷавон гардонидан ин фанро таъкид дошт.

Дар мавзӯи «Диаспораҳои тоҷик дар Федератсияи Русия: мушкилоти муҳоҷирати ҷавонони ҶТ» фаъолдухтари маҳфил, донишҷӯи соли чоруми бахши «Таърихи муносибатҳои байнулмилалӣ» Рухшонаи Наҷмиддин гузориш дод. Президенти маҳфил, донишҷӯи соли чоруми бахши зикршуда Сарвар Абдуллоев ба ҳозирин перомуни таърихи таъсиси маҳфил, сохтори он ва чорабиниҳои доиргардида маълумот пешниҳод намуд.

Мудири кафедраи таърихи ватании донишгоҳ профессор С.Муҳиддинов зимни суханронӣ аз машғулиятҳои шавқовар ва пурмӯҳтавои Мансур Бобохонов, муомилаи бомаърифтаонаи ӯ бо донишҷӯёну олимони ҷавон, ки барои ҳамкорон намунаи ибрат гардида буд, ёдовар шуд.

Профессори кафедраи таърихи ватании донишгоҳ Ҳайдаршо Пирумшоев зикр кард, ки маҳз таҷрибаи ҳирфаии М.Бобохонов имкон дод, ки ӯ дар муддати 20 сол ба яке аз факултаҳои пешрафтаи мактаби олии асосии ҷумҳурӣ сарварӣ кунад ва дар ин муддат ҳазорон шоирдони болаёқатро тарбия ва даҳҳо асарҳои илмӣ таълиф намояд. «Барои насли ҷавон зиндагиномаи М.Бобохонов намунаи шоистаи хизмати фидокорона ба илм ва кишвар аст», – гуфт профессор.

Дар конфронс ҳамчунин шогирдони Мансур Бобохонов – номзади илми таърих ва яке аз созмондиҳандагони конфронс Мунира Ҷамолова, унвонҷӯи кафедраи таърихи ватанӣ Амир Шодиев ва дигарон низ суханронӣ намуданд.

spot_imgspot_img

Популярное