ЛДПР: Жириновский ҳукуматдорони Тоҷикистонро ранҷонданӣ набуд

Муовини аввали роҳбари фраксияи Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) дар Думаи давлатӣ Владимир Овсянников дар робита ба аз ҷониби ВКХ Тоҷикистон ба сафири Русия дар ҶТ супурдани ёддошт ба хабаргузории РИА Новост и изҳор намудааст, ки раиси ЛДПР Владимир Жириновский бо суханони худ на мақомоти раҳбарӣ ва на сокинони Тоҷикистонро ранҷонданӣ набуд. Ёдрас мекунем, ки рӯзи […]

ASIA-Plus


Муовини аввали роҳбари фраксияи Ҳизби либералӣ-демократии Русия (ЛДПР) дар Думаи давлатӣ Владимир Овсянников дар робита ба аз ҷониби ВКХ Тоҷикистон ба сафири Русия дар ҶТ супурдани ёддошт ба хабаргузории

РИА Новост

и изҳор намудааст, ки раиси ЛДПР Владимир Жириновский бо суханони худ на мақомоти раҳбарӣ ва на сокинони Тоҷикистонро ранҷонданӣ набуд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи сешанбе


дар робита ба изҳороти Владимир Жириновский ва Дмитрий Рогозин, ноиби нахуствазири Русия сафири ин кишвар дар ҶТ Юрий Попов ба Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон даъват шуда, ба ӯ

ёддошти

ин ниҳоди давлатии Тоҷикистон супурда шуд.

Дар ёддошт аз ҷумла зикр гардида буд, ки чунин суханҳои таҳқиромез дар барномаи «Поединок»-и шабакаи телевизионии «Россия-1»  аз 18 апрели соли 2013 аз ҷониби роҳбари фраксияи ЛДПР дар Думаи давлатӣ В.Жириновский баён гардид, натанҳо роҳбари ҷумҳурӣ, балки миллати тоҷикро таҳқир мекунад. Дар ин барнома В.Жириновский, аз ҷумла бо лаҳни дурушт изҳор кард, ки Тоҷикистон болоравии нархи ҳузури пойгоҳи низомии Русияро дархост дорад ва дар посух Русия дигар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор қабул намекунад, ки ин барои Тоҷикистон оқибатҳои фоҷеабор ба бор хоҳад овард.

«Шояд ин суханон бо лаҳне баён гардиданд, ки боиси ранҷиши намояндагони Тоҷикистон шуда бошанд, вале Жириновский мақсади озурдани мақомоти раҳбариву сокинони Тоҷикистонро пайгирӣ надошт. Шояд зимни баҳси шадид ӯ на он қадр ба таври дипломатӣ ибрози андеша карда бошад, вале дар асл ақидае баён шуд, ки ба мо коргарони бидуни раводид ва шиносномаи хориҷӣ лозим нестанд, зеро он назорат аз болои вазъи муҳоҷиратро ғайриимкон месозад», – гуфтааст Овсянников.

Намояндаи парлумони Русия таъкид намудааст, ки аъзои ЛДПР ин масъала, аз ҷумла то бо ҷойҳои корӣ таъмин накардани тамоми аҳолии хоҳишманди маҳаллӣ, надодани раводиди кориро ҳаллу фасл карданианд.

Овсянников ҳамчунин ба он таваҷҷуҳ зоҳир намудааст, ки дар қатораҳое, ки аз Тоҷикистон ба Русия меоянд, «ҳолати хеле бади санитарӣ мавҷуд буда, ин вазъ низ онҳоро нигарон мекунад ва маълум нест, ки дар дохили ин қатораҳои дар қаламрави Русия равуодошта чӣ гуна вазъе вуҷуд дорад».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.