То 29-уми апрел дар Тоҷикистон обуҳавои ноустувор боқӣ монда, боронҳои кӯтоҳмуддат меборанд. Аз дар саросари кишвар ба мушоҳида расидани шамоли пуршиддат эҳтимоли зиёд меравад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ин давра дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ боридани борон бо раъду барқ ва жола дар назар аст. Дар рӯдхонаҳои Яхсу, Қизилсӯ, Оби Хингов ва рӯдхонаҳои маншаъгиранда аз нишебиҳои қаторкӯҳи Ҳисор болоравии сатҳи об аз эҳтимол дур нест.
Аммо, ба иттилои манбаъ, дарҳол пас аз рӯзи 29-уми апрел обуҳавои офтобӣ дар назар буда, тадриҷан ҳарорати ҳаво гарм мешавад.





