Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон Протоколи Аҳдномаи мамлакатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуд

Date:


Душанбе. 7-уми октябр – Дирӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдулло Хайруллоев ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид. Дар он Протоколи Аҳдномаи мамлакатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба тағйирёбии иқлим, ки 11- декабри соли 1997 дар Киото қабул шудааст, қарор дар бораи маблағгузорӣ барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои татбиқи барномаи рушди асосҳои иҷтимоиву тиббии беҳтар сохтани шароити зиндагӣ ва барқарор намудани қобилияти кории ветеранҳои ҷанг, иштирокчиёни муноқишаҳои маҳдуд, амалиёти сулҳҷӯёна ва осебдидагони амалиёти террористӣ дар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар давоми солҳои 2006-2010, протоколи ворид намудани тағироту иловаҳо ба Созишномаи эътирофи мутақобилаи ҳуқуқи рафту омади имтиёзноки маъюбон ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин шахсони ҳуқуқашон ба онҳо баробаркардашуда аз 12 марти соли 1993, масъалаи ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Аҳдномаи Созмони байналмилалии моликияти зеҳнӣ оид ба ҳуқукӣ муаллиф лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» ва нишондиҳандаҳои «Барномаи миёнамӯҳлати буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011» баррасӣ шуданд.





      

Раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Маҳбуба Нуриддинова ва Додихудо Саймуддинов роҷеъ ба моҳияти ин ҳуҷҷатҳои муҳим ибрози ақида карданд. Баъзе ҳуҷҷатҳои баррасишуда ба иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагон ва баъзе ҳуҷҷатҳо барои такмилу таҷдид ва хулосабарорӣ ба шӯъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристода шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...