Гурӯҳи ташаббускори «Тоҷикистони нав»-ро боз се нафар тарк карданианд

Санаи 21-уми май се узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистон нав» – муовини аввали Шӯрои ҳамоҳангсоз Шавкат Бозоров, иқтисодчӣ Бахтиёр Баҳодуров ва узви Академияи улуми кишоварзии Тоҷикистон Сангинбой Сангинов  эълом доштанд, ки сафҳои ҳизби ояндаро тарк карданианд. Дар гурӯҳи ташаббускор дар ин робита изҳор намуданд, ки аз нияти шахсони зикршуда огаҳӣ надоранд ва пешниҳоди […]

ASIA-Plus


Санаи 21-уми май се узви гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистон нав» – муовини аввали Шӯрои ҳамоҳангсоз Шавкат Бозоров, иқтисодчӣ Бахтиёр Баҳодуров ва узви Академияи улуми кишоварзии Тоҷикистон Сангинбой Сангинов  эълом доштанд, ки сафҳои ҳизби ояндаро тарк карданианд.

Дар гурӯҳи ташаббускор дар ин робита изҳор намуданд, ки аз нияти шахсони зикршуда огаҳӣ надоранд ва пешниҳоди хориҷ шудани онҳо аз гурӯҳ аз ҷониби худи гурӯҳи ташаббускор сурат гирифтааст.

«Ин афрод дарҳол баъди боздошти пешвои мо ногаҳон «ғайрифаъол» шуданд ва мо пешниҳод кардем, ки гурӯҳро тарк намоянд. Аммо барои хориҷ шудани онҳо аз гурӯҳ аризаи онҳо зарур аст, вале то ҳанӯз аз онҳо чизе ба мо ворид нашудааст», – мегӯяд узви гурӯҳи ташаббускор, рӯзноманигор Мавҷуда Соҳибназарова.

Қаблан муовини раиси ширкати «Тоҷ-Сохтмон Байналмилал» Ҷамшед Ҳафизов ва раиси Ассотсиатсияи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва соҳибкорон Абдураҳим Алиев аз ҳайати гурӯҳ хориҷ шуданд.

Дарҳол пас аз боздошти Саидов коргардони шинохта Барзу Абдураззоқов, энергетик Ғуломиддин Сайфиддинов ва чанде пештар иқтисодчӣ, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров аз дастгирии ташаббуси таъсиси ҳизби «Тоҷикистони нав» изҳорот доданд.

Айни замон дар сафи гурӯҳи ташаббускор худи Зайд Саидов, ҳуқуқшинос Маҳмудҷон Қосимов, сиёсатшинос Абдуғанӣ Маҳмадазимов ва рӯзноманигор Мавҷуда Соҳибназарова боқӣ монданд.

Санаи 20-уми май Агентии зиддифасоди ҷумҳурӣ ба адвокатҳои Зайд Саидов расман дар бораи боздошти ӯ хабар дод, ҳарчанд З.Саидов ба агентӣ ҳанӯз шаби 19-уми май, дарҳол пас аз бозгашт ба Душанбе аз хориҷи кишвар оварда шуда буд. Чанде қабл Саидов ба тавқифгоҳи муваққатии Агентӣ гузаронида шуда, ҳамчунин санаи 20-уми май дар иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси вакилони халқи пойтахт вакилон дахолатнопазирии З.Саидовро бекор намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.