Анҷоми ваколатҳои сафири Корея дар Тоҷикистон

Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири Корея дар ҶТ Ҷон Дэ-ванро бинобар сабаби анҷоми ваколатҳояш ба ҳузур пазируфт. Тавре аз ВКХ ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз вазъи кунунии рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, Ҳ.Зарифӣ таваҷҷуҳи Тоҷикистонро ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ сафири Корея дар ҶТ Ҷон Дэ-ванро бинобар сабаби анҷоми ваколатҳояш ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз ВКХ ҶТ хабар доданд, дар вохӯрӣ ҷонибҳо аз вазъи кунунии рушди ҳамкориҳо миёни кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, Ҳ.Зарифӣ таваҷҷуҳи Тоҷикистонро ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла бо Агентии ҳамкории байнулмилалии Корея (KOICA) изҳор намуд.

Дар фарҷоми мулоқот вазири корҳои хориҷии ҶТ ба Ҷон Дэ-ван барои саҳмаш дар рушди муносибатҳои дӯстона миёни кишварҳо миннатдорӣ изҳор кард.

Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки сафири кишвари дӯст зимни иҷрои уҳдадориҳои нави худ низ ба мусоидат баҳри тавсеъа ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷониба идома хоҳад дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.