Маҳбусони афғон ба ватан истирдод шуданд

14 нафар маҳбусони афғон аз Тоҷикистон ба ватан истирдод шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар дод, истирдод ҳафтаи гузашта тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2006 баимзорасида оид ба истирдоди маҳбусон барои адои ҷазо дар ватан сурат гирифт. «Ин маҳбусон асосан ба убури ғайриқонуии марзи давлатӣ муттаҳам […]

ASIA-Plus


14 нафар маҳбусони афғон аз Тоҷикистон ба ватан истирдод шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ хабар дод, истирдод ҳафтаи гузашта тибқи созишномаи байниҳукуматии соли 2006 баимзорасида оид ба истирдоди маҳбусон барои адои ҷазо дар ватан сурат гирифт.

«Ин маҳбусон асосан ба убури ғайриқонуии марзи давлатӣ муттаҳам дониста шуда, дар маҷмӯъ зиндониёне истирдод мешаванд, ки ба ҷиноятҳои ниҳоят вазнин даст назадаанд», – иброз дошт сарчашмаи хабар ва дар ҳамин ҳол, мушаххасан дар бораи шумори умумии маҳбусони аз Тоҷикистон истирдодшуда аз замони имзои созишнома маълумот надод.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, аз замони имзои созишномаи зикршуда даҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз Афғонистон ба ватан истирдод шудаанд. Айни замон дар зиндонҳои кишвари ҳамсоя 9 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – 6 нафар дар маҳбасхонаи Пули Чархӣ ва 3 нафар дар зиндони Қундуз қарор доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.