Дархости 8 соли зиндон ба гумонбар дар марги Икромзода

Айбдоркунандаи давлатӣ барои Маҳмуд Исмоилов корманди тавқифгоҳи муваққатии №1-и шаҳри Душанбе ва гумонбар ба марги маҳбус Ҳамза Икромзода ҳукми 8 соли зиндонро талаб кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ҷониби ҷабрдида хабар дод, тамоми далелҳои ба суд пешниҳодгардида мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифта ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шуд. «Аз ин рӯ мо ба […]

ASIA-Plus


Айбдоркунандаи давлатӣ барои Маҳмуд Исмоилов корманди тавқифгоҳи муваққатии №1-и шаҳри Душанбе ва гумонбар ба марги маҳбус Ҳамза Икромзода ҳукми 8 соли зиндонро талаб кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» адвокати ҷониби ҷабрдида хабар дод, тамоми далелҳои ба суд пешниҳодгардида мавриди омӯзишу таҳқиқ қарор гирифта ба онҳо баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода шуд. «Аз ин рӯ мо ба ҳукми воқеӣ ва мунсифона умедворем», – гуфт ӯ.

Ба гуфтаи адвокат, дар ҷараёни мурофиаи судӣ 7 нафар шоҳидон – маҳбусони тавқифгоҳи муваққатии №1-и пойтахт бозпурсӣ шуда, аксари онҳо баёнот додаанд, ки дарвоқеъ ҳам Ҳамза Икромзода қабл аз марг мавриди лату кӯби бераҳмона қарор гирифта буд.

Ёдрас мекунем, ки мурофиа бо эълони хулосаи айбнома нисбат ба айбдоршаванда – корманди фаврӣ Маҳмуд Исмоилов оғоз гардид, ки дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316, қ 3-и КҶ ҶТ) гунаҳкор карда мешавад. Нисбати се нафар ҳамкорони ӯ – Рустам Тоштемиров, Шерафган Сафаров ва Нарзулло Афғонов тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Парвандаи ҷиноятии мазкур аз се боб иборат аст. Мурофиа таҳти раёсати судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Рустам Мирзоев ҷараён дорад.

Маҳкумшуда Ҳамза Икромзода рӯзи 20-уми сентябри соли 2012 дар муассисаи ислоҳии №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид. Наздикони ӯ мегӯянд, дар ҷисми ӯ осори возеҳи лату кӯб ва истифодаи шиканҷа аён буданд.

Тибқи фарзияи расмӣ, Ҳ.Икромзода дар ҳуҷраи зиндон ба дор овехташуда дарёфт гардида, кормандони муассиса кӯшиш кардаанд, ки ба ӯ ёрии тиббӣ расонанд, вале аллакай дер шуда буд.

Ҳамчунин натиҷаи ташхиси ҷароҳатҳо дар ҷисми маҳкумшуда Ҳамза Икромзода, ки аз ҷониби Маркази тибби судии назди Вазорати тандурустии ҶТ гузаронида шуданд, далели истифодаи шиканҷа нисбати ӯро собит насохтанд. Коршиносон ба хулоса расиданд, ки маҳкумшуда бар асари худро ба дор овехтан фавтидааст. Наздикони Ҳ.Икромзода аз натиҷаи ташхиси мазкур қаноатманд нестанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?