Дар мулоқот бо ҷавонони кишвар президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз тамоюлҳои номатлуби даст задани ҷавонон ба ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, тамокукашӣ ва гумроҳ шуда, ба мазҳабу равияҳои бегонаю иртиҷоии динӣ гаравидани баъзе аз ҷавонон изҳори нигаронӣ карда, насли ҷавону ояндасози кишварро ба ҳушёрию зиракӣ, пайравӣ аз мазҳаби ростини ҳанафӣ, оини таҳаммулпазирӣ ва дур будан аз ифротгароӣ ҳидоят намуд.
«Хотиррасон менамоям, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад», – иброз дошт ӯ дар ин робита.
Ба гуфтаи сарвари давлат, аз шумораи беш аз 1800 нафар шаҳрвандони кишвар, ки дар муассисаҳои таҳсилоти динии давлатҳои исломӣ ғайрирасмӣ таҳсил мекарданд, зиёда аз 1600 нафарашон бозпас гардонида шуданд.
«Мо аз мушкилоти ҷавонон, аз ҷумла ба мазҳабу равияҳои бегона гаравидани баъзе аз онҳо огоҳ ҳастем ва ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мазкур чораҷӯӣ карда истодаем, – гуфт ӯ. – Аммо дар баробари ин, баъзе наврасону ҷавонон баъди хатми мактаби миёна барои идомаи таҳсил ва соҳиби ягон касбу ихтисос шудан кӯшиш намекунанд, аз хизмати ҳарбӣ низ саркашӣ менамоянд ва хулоса бе шуғл мемонанд, ки ин омилҳо боиси шомил шудани онҳо ба равияҳои бегона мегарданд».
Президент таъкид дошт, ки барои риоя накардани муқаррароти Қонун „Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд“ танҳо дар се моҳи соли 2013 нисбат ба 3100 нафар падару модарон санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудаанд.
«Вобаста ба ин, таъкид месозам, ки ҷиҳати ташаккули андешаи миллии наврасону ҷавонон ва омода намудани онҳо дар самти муқовимат ба тазодҳои ҷомеаи муосир ҳоло дар назди сохтору мақомоти давлатӣ, падару модарон ва аҳли ҷомеа корҳои зиёде қарор доранд», – гуфт сарвари давлат.
Ба қавли Эмомалӣ Раҳмон, дар кишвар то имрӯз 66 маркази ҷавонон таъсис ёфтаанд, вале тибқи таҳлилҳо ин марказҳо ба ҳалли масъалаи ҷалби ҷавонон ба шуғл чандон мусоидат накарда истодаанд. «Илова бар ин, вазоратҳои меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф дар сохтори худ садҳо марказҳои таълимии калонсолон, коллеҷҳо ва литсейҳои касбиву техникӣ доранд, ки аз имкониятҳои онҳо барои тарбияи кадрҳои коргарӣ, ба ҷавонони бекор омӯзонидани касбу ҳунарҳои зарурӣ ва бо ҳамин роҳ таъмин намудани аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон бо шуғли доимӣ васеъ истифода кардан зарур аст», – изҳор кард президент.
Сарвари давлат ҳамчунин аз афзоиши баъзе бемориҳо, аз ҷумла нашъамандӣ, инчунин тамокукашӣ ва дигар одатҳои номатлуб дар байни ҷавонон изҳори нигаронӣ намуд. «Худатон қазоват кунед, ки мубтало шудани наврасону ҷавонон ба нашъамандӣ ва тамокукашӣ на фақат ба саломатии худи онҳо, балки ба рушди минбаъдаи ҷомеа низ таъсири манфӣ расонида, дар ниҳояти кор ба генофонди миллат хатар эҷод мекунад. Ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон низ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Зеро наврасону ҷавонон ҳар қадар солиму бардам бошанд, давлат ва миллат низ ба ҳамон андоза нерӯманд мегардад» – гуфт президент.
Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки бо мақсади густариши бештари варзиш ва таблиғи доимии тарзи ҳаёти солим рӯзи шанбеи ҳар ҳафта дар тамоми қаламрави мамлакат рӯзи варзиш ва солимгардонии аҳолӣ эълон карда шавад.



