Рӯзҳои 23-24-уми май Дар шаҳри Сиднейи Австралия конфронси шашуми глобалии Ташаббуси шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ) баргузор гардид, ки дар кори он 1,2 ҳазор нафар намояндагон аз 96 кишвари дунё ширкат варзиданд.
Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар кори конфронс ҳайати Тоҷикистон низ таҳти сарварии муовини вазири молияи ҶТ, раиси Шӯрои ТШСИ дар Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар конфронс самтҳои калидиву стратегии рушди минбаъдаи ТШСИ бо шумули тағйирот дар меъёрҳо ва Оинномаи ташаббус, ки кишварҳои ҷонибдори ТШСИ ба пешниҳоди маълумоти муътамад ва муфидро пешбинӣ мекунад, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи феврали соли равон дар ҷаласаи 22-юми Раёсати ТШСИ дар шаҳри Осло Тоҷикистон ба ҳайси кишвари номзади Ташаббуси шаффофияти соҳаҳои истихроҷкунанда эътироф карда шуд.
Дар Вазорати молия бар ин назаранд, ки ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба ТШСИ барои беҳтар кардани шароити сармоягузорӣ таъсири мусбат дошта, обрӯи кишварро чун ҷонибдори шаффофият ва масъули гирифтани даромад ва харҷи самараноки он боло мебарад.
Таҷрибаи шаффофият дар соҳаҳои истихроҷ (ТШСИ)- стандарти ҷаҳонӣ буда, барои шаффофият дар соҳаҳои саноати истихроҷи нафту газ ва кӯҳканӣ мусоидат менамояд. Ташаббуси мазкур аз се ҷузъи асосӣ иборат аст: кӯшиши манфиат гирифтани ҳамаи ҷонибҳо аз истихроҷи захираҳои табиӣ; иттифоқи ҳукумат, ширкатҳо ва созмонҳои ҷамъиятӣ; стандарти интишори маълумоти пардохти ширкатҳо ва ифшои маълумоти ҳукуматӣ оид ба ворид шудани маблағҳо. Ҳамин тавр, ТШСИ такмили идораро дар кишварҳои аз канданиҳои фоиданок бой тавассути нашри маълумоти пардохти ширкатҳо ва даромади ҳукумат аз истихроҷи нафту газ дастгирӣ менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ҳамроҳшавӣ ба ташаббуси мазкурро моҳи июни соли 2011 шурӯъ кард. Моҳи августи соли 2011 21 ташкилоти ҷомеаи шаҳрвандӣ аз иқдоми мазкур дастгирӣ карда, Иттифоқи СҶШ «Шаффофият барои рушд»-ро таъсис доданд. Дар оғози соли 2012 намояндаҳои вазорату идораҳои дахлдор ва Иттифоқи СҶШ «Шаффофият барои рушд» ба Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон сафар карда, бо таҷрибаи ин кишварҳо дар пешбурди ТШСИ шинос шуданд.





