Суханронии раиси ҲНИТ дар конгресси байнулмилалӣ

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо даъвати Маркази омузишҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Туркия дар Конгреси 23-юми Созмонҳои исломии ҷаҳон таҳти унвони «Олами ҷадид ва низоми сиёсии одил»дар шаҳри Истамбул ширкат ва суханронӣ намуд. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, раиси ҲНИТ дар суханронии худ атрофи чанд масъалаи доғи олами Ислом, аз ҷумла дар […]

ASIA-Plus


Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо даъвати Маркази омузишҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Туркия дар Конгреси 23-юми Созмонҳои исломии ҷаҳон таҳти унвони «Олами ҷадид ва низоми сиёсии одил»дар шаҳри Истамбул ширкат ва суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲНИТ, раиси ҲНИТ дар суханронии худ атрофи чанд масъалаи доғи олами Ислом, аз ҷумла дар масъалаи ҳалли низоъҳо аз тариқи гуфтугӯ ва ҳамдигарфаҳмӣ назарҳои худро ироа карда, пешниҳодҳои мушаххас дод.

Зимни суханронӣ Муҳиддин Кабирӣ таъкид кард: «Имрӯз аксари тарафҳои даргир дар Сурия розӣ ҳастанд, ки сари мизи гуфтугӯ бинишинанд ва пеши роҳи хунрезӣ гирифта шавад. Чаро ин иқдом як сол пеш гирифта нашуд, то ҷони ҳазорҳо инсон ҳифз шавад?».

Раиси ҲНИТ созмонҳои исломӣ, ба хусус, созмонҳои сиёсиро ба сабру таҳаммул ва устуворӣ дар масири интихобкардаашон даъват кард ва онро муассиртарин василаи пирӯзӣ донист.

Муҳиддин Кабирӣ мутмаин аст, ки «сабр ба маънии тарс нест, ба маънии камфаъолиятӣ ва карахтӣ нест, балки сабр ин устувориву ҳаракат дар роҳи интихобкардаи хеш бо дода нашудан ба ҳама гуна фитна ва эҳсосот мебошад, ки иғвогариҳориҳоро пешгирӣ мекунад». 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.