Кумаки ҳукумати Ҷопон ба мактабҳои Ваҳдат

Ҷаноби Таакаки Коматсу, котиби сеюми сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон 24-уми майи соли 2013 ба ноҳияи Ваҳдат ташриф оварда, раиси Федерацияи занони “Қарасу” хонума Зебо Ойматоваро барои бомуваффақ анҷом ёфтани «Лоиҳаи таъмин намудаи мактабҳои миёнаи нохияи Вахдат бо таҷҳизоти омӯзишӣ», ки аз тарафи ҳукумати Чопон, дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ […]

ASIA-Plus


Ҷаноби Таакаки Коматсу, котиби сеюми сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон 24-уми майи соли 2013 ба ноҳияи Ваҳдат ташриф оварда, раиси Федерацияи занони “Қарасу” хонума Зебо Ойматоваро барои бомуваффақ анҷом ёфтани «Лоиҳаи таъмин намудаи мактабҳои миёнаи нохияи Вахдат бо таҷҳизоти омӯзишӣ», ки аз тарафи ҳукумати Чопон, дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо маблағи 104 844 доллари ИМА дастгирӣ ёфта буд, табрику таҳният намуд.

Тавре аз сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, набудани таҷҳизоти зарурии омӯзишӣ дар макотиб умуман яке аз масъалаҳои умда ба ҳисоб меравад. Дар ағлаби макотиби нохияи Ваҳдат, ки солҳои 1970-ум сохта шудаанд, таҷҳизоти омӯзишӣ фарсуда гашта, маъмурияти макотиб имкони ивази онҳоро надоштанд. Аз нисф зиёди макотиб бино бар сабаби норасоии мизу курсии нишаст ва ашғоли ғайра танқисӣ мекашиданд. Набудани чунин таҷҳизот боиси паст гардидани сатҳи дониши талабагон мегардид.

Ба иттилои манбаъ, тавассути лоиҳаи мазкур панҷ мактаби миёнаи нохияи Ваҳдат, аз ҷумла мактаби миёнаи №3-и шаҳри Ваҳдат, мактаби миёнаи №9-и қишлоқи «Дӯстӣ»-и ҷамоати Ваҳдатобод, мактаби миёнаи №15-и ҷамоати Ромит, мактаби миёнаи №22-и қишлоқи “Гулистон”-и ҷамоати Тиллои Сафед ва мактаби миёнаи № 131-и қишлоқи “Баҳор”-и ҷамоати Ҳоҷӣ Катаған бо таҷҳизоти мактабӣ,  аз қабили 963 баста мизу курсӣ, ҷевонҳои китоб, курсӣ барои омӯзгорон ва лавҳаҳои синфӣ таъмин гаштанд. Мақсади лоиҳа ташкил намудани шароити хуби хониш дар ин макотиб ва таъмин намудани имконият барои хонандагон баҳри гирифтани малакаю дониши босифат ба шумор меравад.

Кумакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 301 лоиҳаро ба маблағи умумии $23.2 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.