Дархости озодии гаравгонгири шаҳрвандони Украина

Адвокати Сафархоҷа Партоев, гумонбар ба гаравгон гирифтани шаҳрвандони Украина оид ба қатъи парвандаи ҷиноӣ ва аз ҳабс озод кардани зерҳимояаш ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон дархост ирсол намуд. Айни замон нисбати С.Партоев мутобиқи моддаи 130, қ. 2-и КҶ ҶТ (Одамрабоӣ) парвандаи ҷиноӣ баррасӣ мешавад. Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январи соли равон дар Душанбе як амалиёти […]

ASIA-Plus


Адвокати Сафархоҷа Партоев, гумонбар ба гаравгон гирифтани шаҳрвандони Украина оид ба қатъи парвандаи ҷиноӣ ва аз ҳабс озод кардани зерҳимояаш ба Прокуратураи генералии Тоҷикистон дархост ирсол намуд. Айни замон нисбати С.Партоев мутобиқи моддаи 130, қ. 2-и КҶ ҶТ (Одамрабоӣ) парвандаи ҷиноӣ баррасӣ мешавад.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи январи соли равон дар Душанбе як амалиёти аз гаравгонӣ озод кардани се нафар шаҳрвандони Украина доир гардид. Бино ба маълумоти расмии ВКХ ҶТ, ба гумони даст доштан дар гаравгон гирифтани шаҳрвандони Украина шаҳрванди Қазоқистон ва зодаи Тоҷикистон Сафархоҷа Партоев ва шаҳрванди Тоҷикистон Шаҳбози Абдуҳалим боздошт шуда, нисбати онҳо аз рӯи моддаҳои 181 (Ғасби гаравгон) ва 259 (Тамаъҷӯӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз шуд. Барои озод кардани гаравгонон онҳо гӯё 100 ҳазор доллари ИМА талаб намуда буданд. Пас аз озодӣ шаҳрвандони Украина

ба ватан баргаштанд.

Қаблан намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки шаҳрвандони озодшудаи Украина Александр Семиряков, Василий Яремчук ва Евгений Ленок дар як манзили барҳавою мусоид дар Душанбе таҳти ҳифозати кормандони ВКД-и Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

С.Партоев ва А.Семиряков ҳамроҳ ба тиҷорати ҳамлу нақли автомашинаҳо машғул будаанд. Бо анҷоми яке аз амалиётҳои корӣ А.Семиряков аз С.Партоев қарздор мешавад. Шаҳрванди Қазоқистон аз А.Семиряков пардохти маблағи қарзро талаб менамояд, аммо ӯ аз баргардонидани қарз саркашӣ намуда, ба хешовандонаш дар Украина хабар медиҳад, ки ӯ ва ду шаҳрванди дигари Украина (В.Яремчук ва Е.Ленок)-ро дар Душанбе гаравгон гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои наздикони Партоев, ҳеҷ кас ҳеҷ кадоме аз шаҳрвандони Украинаро гаравгон нагирифтааст ва гузашта аз ин, дар ин қазия ҷабрдидагон шаҳрвандони Тоҷикистону Қазоқистон мебошанд, ки онҳоро шаҳрвандони Украина фиреб карданӣ шудаанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шавкат Қосимов, адвокати Партоев хабар дод, украиниҳоро касе гаравгон нагирифта, онҳо оромона дар манзили Шаҳбоз иқомат ва гуфтушунид дошта, маблағи пулиро интизорӣ доштанд ва гузашта аз ин, хешовандони ҷабрдида Е.Линок низ бозпурсӣ нашудаанд.

«Партоев мегӯяд, шаҳрванди Украина Е.Ленок зимни дар Душанбе қарор доштанаш тавассути телефони Партоев бо падараш ва сардори шуъбаи милисаи маҳалли зисташ дар Украина гуфтугӯ карда, дар меҳмонӣ будани худро ба онҳо хабар дода буд, вале аз рӯи ин ҳолатҳо Е.Линок бозпурсӣ нашудааст», – зикр кард. Ш.Қосимов.

Адвокат ҳамчунин гуфт, худи ҷабрдидагон низ дар суҳбат бо муфаттиш борҳо изҳор кардаанд, ки онҳо имкони мусоиди аз манзили мазкур рафтанро доштаанд, вале аз он истифода накардаанд, зеро барои ба ватан баргаштан маблаги пулӣ надоштаанд.

Бар асоси далелҳои зикршуда адвокат аз Прокурори генералии Тоҷикистон дархост кардааст, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати зерҳимояаш қатъ ва ӯ аз тавқифгоҳ озод карда шавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.