Кумаки Русия дар интиқоли тоҷикистониён аз Сурия

Ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия бо шаҳрвандони ин кишвар ва табааи кишварҳои узви ИДМ аз Сурия ба майдони ҳавоии Домодедовои шаҳри  Маскав фуруд омад. Аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба хабаргузории «Интерфакс» иттилоъ додаанд, ки аз пойтахти Сурия 128 нафар шаҳрвандони Русия ва кишварҳои узви ИДМ ба Маскав интиқол дода шудаанд, ки ин минтақаи хатарнокро […]

ASIA-Plus


Ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия бо шаҳрвандони ин кишвар ва табааи кишварҳои узви ИДМ аз Сурия ба майдони ҳавоии Домодедовои шаҳри  Маскав фуруд омад.

Аз Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия ба хабаргузории «Интерфакс» иттилоъ додаанд, ки аз пойтахти Сурия 128 нафар шаҳрвандони Русия ва кишварҳои узви ИДМ ба Маскав интиқол дода шудаанд, ки ин минтақаи хатарнокро тарк карданӣ будаанд.

Гуфта мешавад, миёни шаҳрвандони интиқолшуда 83 нафар шаҳрванди Русия ва боқимонда шаҳрвандони Украина, Молдова, Белорус, Озарбойҷон ва Тоҷикистон будаанд, ки 70 нафарашонро кӯдакон ташкил додаанд. Бидуни назардошти ҳавопаймои имрӯза, аз оғози сол тавассути ҳавопаймоҳои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия 383 нафар қаламрави Сурияро тарк намудаанд.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз

аввали соли равон

зимни мулоқоти вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров бо сафирони кишварҳои ИДМ дар шаҳри Маскав сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев аз вазири корҳои хориҷии Русия дархост намуд, ки дар ҳолати муроҷиати шаҳрвандони тоҷики муқими Сурия ба намояндагиҳои дипломатии Русия дар ин кишвар, ба онҳо кӯмак расонида шавад. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.