Баррасии нақши ҲХДТ дар рушди ҷомеа дар мизи мудаввар

Чанде қабл дар Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва фраксияи ҳизб дар палатаи поёнии парлумон таҳти унвони «Нақши ҲХДТ дар фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои шаҳрвандон» мизи мудаввар доир гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Душанбе бо ибтикори Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ва фраксияи ҳизб дар палатаи поёнии парлумон таҳти унвони «Нақши ҲХДТ дар фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои шаҳрвандон» мизи мудаввар доир гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ муовини якуми раиси ҲХДТ Сафар Сафаров аз натиҷаҳои амалигардии Барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ ҳарф зада, доир ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ҷалби сармоягузорӣ, бунёди роҳу иншоотҳо ва дар маҷмӯъ оид ба пешрафти давлат ибрози назар намуд ва ҳамаи онро заминаи боэътимод барои фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистилол номид.

«Дар идома аъзои фраксияи ҲХДТ дар палатаи поёнии парлумон Махфират Хидирова, Маҳмадалӣ Ватанов, Сафаралӣ Гулов, Олим Салимзода, Марҳабо Ҷабборова ва Давлаталӣ Давлатзода оид ба нақши ҲХДТ дар таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таълиму тарбияи насли наврас ва рушди иқтисоди миллӣ ибрози андеша намуданд», – зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, дар музокира раисони кумитаи иҷроияи ҳизбӣ Ҷамшед Саидов, Умринисо Казакова, аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» Комил Саидзода суханронӣ намуда, вобаста ба суолҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?