Г.Шералӣ: Партоби беистифодаи барқ 5-7 млрд. кВт/с аст

Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ рӯзи 30-юми май дар нахустин Форуми энергетикии Осиё ва Уқёнуси Ором дар шаҳри Владивостоки Русия суханронӣ кард. Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ зикр гардид, ки роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором аз самтҳои афзалиятноки сиёсати […]

ASIA-Plus


Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ рӯзи 30-юми май дар нахустин Форуми энергетикии Осиё ва Уқёнуси Ором дар шаҳри Владивостоки Русия суханронӣ кард.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ, зимни суханронӣ зикр гардид, ки роҳандозӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодии хориҷии Тоҷикистон аст.

Гул Шералӣ таъкид намуд, ки  аз солҳои 1990 дар таркиби тавозуни энергетикӣ тамоюли афзоиш ёфтани ҳиссаи гидроэнергетика ва коҳиш ёфтани ҳиссаи гази моеъ ва намудҳои газҳосилкунанда бештар шуда, маҳдуд гардидани интиқоли гази табиӣ ва минбаъд қатъ шудани он ба ҷумҳурӣ, баланд будани арзиши намудҳои дигари энергетикӣ дар ҷумҳурӣ ногузир зарурати гузаштан ба нерӯи барқро ба миён овард.

Вазир ҳамчунин қайд кард, ки дар доираи сиёсати миллии энергетикӣ ҳукумати ҷумҳурӣ ба масъалаҳои амнияти энергетикӣ ва истифодаи устувори энергия афзалият дода шуда, тариқи бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии нав ва таҷдиди НБО-ҳои мавҷуда иқтидорҳои фаъоли энергетикӣ ба 1000 МВт расонида шуд.

«Бояд қайд кард, ки баистифодадиҳии иктидорҳои нави энергетикӣ барои Тоҷикистон, мунтазам зиёд кардани онҳо тадбирҳои зарурӣ буда, он ба коҳиш додани норасогии энергетикӣ, ки қариб 4 млрд КВт/с-ро дар як сол ташкил медиҳад, равона карда шудааст. Ҳамзамон, дар мавсими тобистон ҳар сол нерӯи барқ дар ҳаҷми 5-7 млрд КВт/с беистифода партоб карда мешавад» – изҳор кард вазир.

Дар суханронӣ инчунин оид ба лоиҳаи CASA-1000 ҳамчунин лоиҳаи дорои аҳамияти минтақавӣ, зарурати татбиқи он ибрози назар карда, иштироки ҷонибҳои манфиатдор, институтҳои молиявии байналмилалӣ дар он мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид. Қайд гардид, ки айни замон Бонки умумиҷаҳонӣ ва Бонки рушди исломӣ манфиатдор будани худро ҷиҳати татбиқи лоиҳа изҳор намуданд.

Қобили зикр аст, ки форуми мазкур 27-уми майи соли ҷорӣ ба кори худ шуруъ намуда, 30-юми май ба итмом расид. Дар кори он беш аз 250 намояндагон аз 62 кишвари ҷаҳон ширкат варзиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.