Имзои Созишномаи ҳамкорӣ миёни Омбудсменҳои Тоҷикистону Самара

Зариф Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 майи соли ҷорӣ бо даъвати ҳамтои худ – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловск Татяна Мерзлякова ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди имконоти Ваколатдорони ҳуқуқи инсон дар ҳалли мушкилоти муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон» ба шаҳри Екатеринбург сафари корӣ анҷом […]

ASIA-Plus


Зариф Ализода – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон рӯзҳои 27-28 майи соли ҷорӣ бо даъвати ҳамтои худ – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Свердловск Татяна Мерзлякова ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Рушди имконоти Ваколатдорони ҳуқуқи инсон дар ҳалли мушкилоти муҳоҷират ва ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирон» ба шаҳри Екатеринбург сафари корӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҶТ, ҳангоми сафар З. Ализода бо Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони зиёда аз 30 минтақаҳои Русия мулоқот намуда, дар вохӯриҳо масоили ҳимоят аз ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, зимни сафари корӣ З.Ализода бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони вилояти Самара Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки мақсади асосии он мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон дар ин минтақаи Русия мебошад.

Қобили зикр аст, ки қаблан чунин Созишномаҳо бо Ваколатдорон оид ба ҳуқуқи инсони Русия, вилояти Свердловск ва шаҳри Санкт-Петербург ба имзо расида буданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.