Э.Раҳмон имшаб дар ноҳияи Рашт мемонад

Date:


Душанбе. 2-юми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Феълан президенти Тоҷикистон дар чойхонаи «Болои об»-и шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо собиқадорони ҷангу меҳнат ва зиёиёни ноҳия мулоқот мекунад, ки дар он ҳудуди 300 нафар иштирок доранд.




Тибқи барномаи сафар, пас аз мулоқот сарвари давлат дар варзишгоҳи марказии ноҳия бо аҳолии ноҳия вохӯрда, дар барномаи бошукӯҳи консертӣ низ ширкат хоҳад варзид. Шаби имрӯзаро Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин ноҳия рӯз карда, пагоҳ аз ноҳияҳои дигари водии Рашт – Нуробод, Тавилдара, Ҷиргатол ва Тоҷикобод боздид мекунад.



Ёдрас мекунем, ки боздиди сарвари давлат бо мақсади шиносоии наздик бо вазъи иқтисоливу иҷтимоии ноҳияҳо ва зиндагии мардуми ин минтақа сурат мегирад.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...