Оғози мавсими дарави ғалла дар Кӯлоб

Дар ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мавсими дарави зироати ғалладона оғоз гардида, баҳри саривақт ҷамъ овардани ҳосил, беш аз 40 комбайни ғалладарави минтақа ба ин ноҳия сафарбар шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати кишоварзии минтақа хабар дод, имсол ҳосили хуб расида, дар заминҳои лалмӣ бо як давр на камтар аз 25 […]

Турко Дикаев


Дар ноҳияи Фархори минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон мавсими дарави зироати ғалладона оғоз гардида, баҳри саривақт ҷамъ овардани ҳосил, беш аз 40 комбайни ғалладарави минтақа ба ин ноҳия сафарбар шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати кишоварзии минтақа хабар дод, имсол ҳосили хуб расида, дар заминҳои лалмӣ бо як давр на камтар аз 25 сентнер ҳосил ба даст оварда мешавад, ки қаблан чунин ҳосилнокӣ ба мушоҳида нарасида буд.

 «Бесаброна оғози дарав дар 1 гектар майдони озмоишии хоҷагии деҳқонии «Бӯстон»-и ҷамоати Деҳқон-ариқро интизорӣ дорем, зеро дар ин қитъа навъи барои ноҳия нави гандуми «Бастербай» кишт ва озмоишҳои аввал нишон доданд, ки аз он дар 1 гектар метавон аз 75 то 80 сентнер ҳосил  ба даст овард», – гуфт сарчашмаи хабар.

Бино ба гуфтаи манбаъ, агар аз ин озмоиш мувафақона анҷом пазирад, ин навъи тухмии гандум дар ноҳия афзалиятнок хоҳад шуд. «Дар заминҳои обёришаванда низ ҳосил хуб парвариш ёфта, озмоишҳо гувоҳи онанд, ки то ба 55 сентнер аз як гектар расонидани ҳосил имконпазир аст», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ҳамчунин изҳор намуд, ки соли равон дар 11 ҳазору 193 гектар заминҳои ноҳияи Фархор зироати ғалладона кишт шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.