ФБД: Сохтмони терминал босуръат идома дорад

spot_imgspot_img

Дата:


Сохтмони терминали нав барои мусофирон дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) босуръат идома дорад. Масоҳати умумии терминал 11 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, хизматрасонӣ ба 500 мусофир дар як соат ба назар гирифта шудааст.

Тавре котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ширкати сохтмонии «VINCI» аз 28уми ноябри соли соли 2012 ба сохтмони терминал шурӯъ кард. «Айни ҳол корҳои вобаста ба бетонрезӣї пурра ба итмом расида, васл намудани конструксияҳои металлӣ идома дорад ва аз моҳи июл васли шабакаҳои муҳандисӣ-техникӣ оғоз мегардад», – иброз дошт сухангӯи ФБД.

Ба қавли номбурда, дар назар аст, ки терминали нав то охири соли 2014 ба истифода дода шавад.

Хотиррасон мекунем, ки терминали нав дар асоси қарордод миёни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Фаронса сохта мешавад. Маблағи умуми сохтмон 39 млн. евроро ташкил медиҳад, ки аз он 20 млн.-ро фурудгоҳи Душанбе ва  19 млн.-ро ҷониби Фаронса маблағгузорӣ мекунанд.

Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе аз бузургтарин фурудгоҳҳои кишвар ба ҳисоб рафта, интиқоли мусофирон ҳамасола рӯ ба афзоиш мениҳад. Соли 2012 аз ҷониби фурудгоҳи мазкур ба 1 349 164 мусофир хизмат расонида шудааст. 

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...