Маҳрумияти вакилони маҳаллӣ аз дахолатнопазирӣ

Парлумони Тоҷикистон вакилони маҷлисҳои вилоят ва шаҳру навоҳиро аз ҳуқуқи дахолатнопазирӣ маҳрум кард. Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон бидуни баррасӣ якдилона аз пешниҳодҳои ҳукумат ҷиҳати тағйирот дар қонунгузорӣ оид ба ин масъала ҷонибдорӣ намуданд. Зимни суханронӣ назди вакилон прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироти мазкур ба коҳиши […]

Аваз Юлдошев


Парлумони Тоҷикистон вакилони маҷлисҳои вилоят ва шаҳру навоҳиро аз ҳуқуқи дахолатнопазирӣ маҳрум кард.

Дар ҷаласаи имрӯзаи палатаи поёнии парлумон вакилон бидуни баррасӣ якдилона аз пешниҳодҳои ҳукумат ҷиҳати тағйирот дар қонунгузорӣ оид ба ин масъала ҷонибдорӣ намуданд.

Зимни суханронӣ назди вакилон прокурори генералии ҶТ Шерхон Салимзода дар ин робита изҳор намуд, ки тағйироти мазкур ба коҳиши сатҳи коррупсия дар ҷомеа равона гардида, далелҳои ҷудогонае ҷой доранд, ки вакилони маҳаллиро барои ҷинояти содиршуда ба ҷавобгарӣ кашидан ғайриимкон аст.

«Аз ин рӯ, ворид намудани тағйирот ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ» ва «Дар бораи мақоми ҳуқуқии вакилони халқи ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо» пешниҳод шуданд», – иброз дошт ӯ.

Прокурори генералӣ ҳамчунин гуфт, аз ин ба баъд ҳангоми зарурат аз ҷониби мақомоти дахлдори судӣ ва прокуратура нисбати вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шуда метавонанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.