Даъвати навбатии вакилони ӯзбек ба сари мизи гуфтушунид

Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба омӯзиши масъалаи таъсири корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон ба вазъи муҳити зисти вилояти Суғд оғоз намуд. Таври маъмул, аксаран ба омӯзиши масъалаи таъсири зараровари саноати Тоҷикистон ба вазъи экологии кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон худи ин кишвар машғул аст, аммо парлумони Тоҷикистон ин дафъа натиҷаҳои таҳқиқоти вазорату идораҳо дар ин самтро пурра […]

Аваз Юлдошев


Комиссияи экологии палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба омӯзиши масъалаи таъсири корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон ба вазъи муҳити зисти вилояти Суғд оғоз намуд.

Таври маъмул, аксаран ба омӯзиши масъалаи таъсири зараровари саноати Тоҷикистон ба вазъи экологии кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон худи ин кишвар машғул аст, аммо парлумони Тоҷикистон ин дафъа натиҷаҳои таҳқиқоти вазорату идораҳо дар ин самтро пурра дастрас накардааст.

Муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Амиршо Миралиев дар суханронии худ зикр намуд, ки дар робита ба партовҳои Ширкати алюминии тоҷик ва зиёни бесобиқаи он ба экологияи Ӯзбекистон, мунтазам ба унвони созмонҳои байнулмилаливу давлатҳои ҷудогона изҳорот қабул мешавад, вале «мо борҳо вакилони ӯзбекро даъват кардаем, ки аз мавқеи айбдоркунии беасос канор рафта, бобати амалисозии иқдомҳои ҷиддӣ ва табодули маълумот оид ба вазъи экологӣ сари мизи гуфтушунид бишинем ва ҳамкориҳоро оғоз намоем, зеро мо ҳам далелҳои зиёди осеби муҳити зисти минтақаи шимоли ҷумҳурӣ аз ҷониби корхонаҳои саноатии Ӯзбекистонро мисол оварда метавонем».

Амиршо Миралиев аз он изҳори ошуфтагӣ кард, ки на ҳамаи вазорату идораҳои дахлдор оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти таъсир ба муҳити зист маълумот пешниҳод карданд. Ба гуфтаи ӯ, ҳанӯз соли гузашта сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои дахлдор супориш дода буд, ки таъсири корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон ба вазъи экологии вилояти Суғд пурра мавриди омӯзиш қарор дода шавад, вале ба парлумон дар ин бора маълумоти мукаммал дастрас нест.

Муовини аввали раиси МНМО ҶТ изҳор намуд, ки бо такя ба маълумоти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати кишвар, дар мавриди таъсири манфии корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон ба вазъи экологии  минтақаи шимоли ҷумҳурӣ, далелҳои илман асоснокшударо метавон пешкаш кард.

Баҳри арзёбии воқеъонаи вазъи экологӣ, ҳаллу фасли мушкилот ва андешидани чораҳои мутақобилан судманд дар ин самт, Амиршо Миралиев роҳандозии муколама дар сатҳи парлумонҳои ҳарду тараф, таъсиси гурӯҳи байнипарлумонии ҳамкорӣ оид ба масоили экологӣ бо ҷалби коршиносони мустақили байнулмилалиро мувофиқи мақсад донист. 

Дар ҷаласаи комиссияи экологӣ ба ҷуз вакилони палатаи поёнии парлумон, ҳамчунин вазирони мелиоратсия ва захираҳои об, тандурустӣ, Кумитаи давлатии заминсозӣ, ҳифзи муҳити зист, Академияи улуми ҶТ ва дигарон ширкат варзиданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.