Сокини Ҳисор ҳамсарашро бераҳмона ба қатл расонд

Кормандони шуъбаи корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ҳисор ба гумони даст доштан дар қатли ваҳшиёнаи ҳамсари худ сокини деҳаи Ваҳдати ҳамин ноҳия Бахтиёр Сафарови 45-соларо боздошт намуданд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, ӯ рӯзи 20уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 09:00-дақиқа бинобар сабаби ба миён омадани рашк, ҳамсараш Фараҳноз Нозимоваи 40-соларо бо корди […]

ASIA-Plus


Кормандони шуъбаи корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар ноҳияи Ҳисор ба гумони даст доштан дар қатли ваҳшиёнаи ҳамсари худ сокини деҳаи Ваҳдати ҳамин ноҳия Бахтиёр Сафарови 45-соларо боздошт намуданд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ВКД ҶТ, ӯ рӯзи 20уми июни соли ҷорӣ, тахминан соати 09:00-дақиқа бинобар сабаби ба миён омадани рашк, ҳамсараш Фараҳноз Нозимоваи 40-соларо бо корди хоҷагӣ бо бераҳмии махсус 14 маротиба ба узвҳои баданаш задааст, ки дар натиҷа Фараҳноз Нозимова ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.