Чанде қабл як гурӯҳи эҷодкорону ҳунармандони Украина таҳти сарварии муовини вазири фарҳанги ин кишвар Виктор Болюрко ҷиҳати баргузории Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд.
Аз Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки ба ҳайати Украина ҳунармандони Оркестри миллии асбобҳои мусиқии халқии Украина, ансамбли «Древляне», актриса Елена Проскуряко ва дигарон шомиланд.
«Дар доираи ин чорабинӣ имрӯз дар Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ вохӯрии вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Мирзошоҳрух Асрорӣ бо Виктор Болюрко доир гардида, бо иштироки меҳмонон конфронси матбуотӣ доир мегардад», – гуфтанд дар вазорат.
Ҳамчунин дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ имрӯз маросими расмии ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикистон баргузор мешавад. Сипас консерти муштараки ҳунармандони Украинаву Тоҷикистон доир мегардад.
Пагоҳ, рӯзи 25-уми июн ҳайати Украина аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон, нерӯгоҳи барқии «Норак» ва китобхонаи «Дӯстии халқҳо» боздид мекунанд. Рӯзҳои 25-26-уми июн дар маҷмааи Кохи Ҷомӣ меҳмонони украинӣ филмҳои «За двумя зайцами» ва «В бой идут одни старики»-ро намоиш медиҳанд. Ҳамчунин рӯзи 25-уми июн дар майдони Парчами миллӣ консерти ҳайати ҳунармандони Украина баргузор мешавад.
Рӯзи 26-уми июн дар Театри давлатии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ консерти муштараки ҳунармандони Украинаву Тоҷикистон доир гардида, Рӯзҳои фарҳанги Украина дар Тоҷикиситон ба итмом мерасанд.


