Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, ба муносибати ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ шоми имрӯз дар боғи фарҳангу истироҳати «Боғи пойтахт» маросими тӯйи хатнасури кӯдакон аз оилаҳои камбизоат баргузор мешавад.
Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ин навбат 221 кӯдакон аз чор ноҳияҳои шаҳр хатнасур карда мешаванд, ки ба ифтихорашон фаъолияти Боғи мазкур барои дигар категорияҳои шаҳрвандон қатъ карда шуда, барояшон аз соати 19 то 20 истифодабарии ройгони аттраксионҳо, аз 20 то 21 дастурхони тӯйона ороста, соати 21 намоиши филми кӯдакона дар экрани обии фаввораҳои Боғ нишон дода мешавад.
Ба иттилои манбаъ, ҳамзамон барояшон туҳфаҳо тақдим гардида, бо кушодани суратҳисоби бонкӣ дар суратҳисоби ҳар кадомашон 1000 сомонӣ аз ҳисоби шаҳрдорӣ интиқол дода мешавад, ки метавонанд танҳо дар синни 18-солагӣ онҳоро истифода намоянд.
Ба ифтихори ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ мақомоти шаҳрдории пойтахт дар МД «Душанбе-Плаза» расми ақди никоҳи 64 ҷуфт аз чор ноҳияҳои шаҳрро низ баргузор мекунад. Маросими тӯйи навхонадорон аз оилаҳои камбизоат дар тарабхонаҳои «Роҳат», «Яккачинор», «Қанд» ва қаҳвахонаи «Москва» баргузор шуда, дар ҳар як тарабхона барои хешовандону наздикон ва дӯстони 16 ҷуфти навхонадорон мизҳои тӯёна ороста мешаванд.
Намоишномаи театришуда ба бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ рӯзи 27-уми июн дар КВД «Наврӯзгоҳи пойтахт» доир гардида, дар ҷараёни он муддати 7 дақиқа фейерверкҳо ба фазо партоб мегарданд. Дар ин рӯз аз соати 10 то соати 22 дар тамоми боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳри Душанбе сайругашти дастаҷамъонаи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе сурат мегирад.


