Рӯзи 25 июни соли 2013 маросими анҷом ёфтани «Лоиҳаи сохтмони мактаби миёнаи №51 дар ҷамоати Воруи ноҳияи Панҷакент» дар қишлоқи Вени ҷамоати Воруи ноҳияи Панҷакент баргузор шуд.
Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, лоиҳаи мазкур аз ҷониби ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо маблағи 111,820 доллари ИМА дастгирӣ гашт. Дар маросими анҷоми лоиҳа Такааки Коматсу, котиби сеюми сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ва Маҳбуба Гадоева, муовини раиси ноҳияи Панҷакент ширкат варзида, толибилмон ва кулли маъмурияти мактабро бо ин маросим табрик намуданд.
Мактаби мазкур соли 1985 сохта шуда, тайи заминларзаи шадид соли 2006 нисбатан хароб гардид. Аз он вақт инҷониб хонандагон маҷбуран дар мадрасаи ҳамсоя таҳсилро идома медоданд. Бинобар сабаби корношоям гаштани таҷҳизоти омӯзишӣ, аз ҷумлаи мизу курсӣ ва тахтасинфҳо ва бар замми ин камбуди ҷой дар масҷид, аксари хонандагони ин мавзеъ дигар ҳеҷ имкони мактабравӣ надоштанд.
Тавассути лоиҳаи мазкур бинои нави омӯзишӣ бо 6 синфхона сохта шуд. Бо саҳми Вазорати маорифи Тоҷикистон таҷҳизоти нави омӯзишӣ, ба мисли мизу курсӣ ва тахтаҳои синфӣ насб шуд. Бо бинои нав ва таҷҳизоти омӯзишӣ, мактаби мазкур ҳоло имкони омӯзиши 240 талабаро аз қишлоқи Вен ва маҳалҳои гирду атрофи он пайдо намуд.
Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 301 лоиҳаро ба маблағи умумии $23.2 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.


