Суханронии Гул Шералӣ дар конфронси байнулмилалӣ

Рӯзи 27-уми июни соли равон вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Энергияи атомӣ дар асри 21» дар шаҳри Санкт-Петербург суханронӣ кард. Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, Г.Шералӣ зимни суханронӣ қайд намуд, ки яке аз мавзуъҳои конфронс истифодаи самаранок ва осоиштаи энергияи атомӣ дар ҷаҳон […]

ASIA-Plus


Рӯзи 27-уми июни соли равон вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар конфронси байналмилалӣ таҳти унвони «Энергияи атомӣ дар асри 21» дар шаҳри Санкт-Петербург суханронӣ кард.

Бино ба иттилои шуъбаи котиботи Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, Г.Шералӣ зимни суханронӣ қайд намуд, ки яке аз мавзуъҳои конфронс истифодаи самаранок ва осоиштаи энергияи атомӣ дар ҷаҳон хеле муҳим арзёбӣ мегардад.

Ҳамчунин дар маърӯза таваҷҷуҳ намудани кишварҳо ба масъалаи амнияти экологии ҷаҳони муосир, аз ҷумла минтақа ва дар ин робита зарур будани андешидани тадбирҳо, аз қабили таҳияи барномаҳои оптималии мониторинг, назорати доимии муҳити зист, фазо, обҳои рӯизаминӣ, зеризаминӣ, экосистемаҳо ва ғайра зикр гардид.

Вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон изҳори итминон намуд, ки дар ҳамоҳангӣ амалӣ гардидани ҳамкориҳои кишварҳои иштирокчиёни конфронс барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаҳои энергияи атомӣ ва қарорҳои қабулшавандаи ин чорабинӣ баҳри истифодаи осоиштаи энергияи атомӣ дар ҷаҳони имрӯз мусоидат хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.