Дар Душанбе вохӯрӣ ва мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бо намояндагони миссияи Бонки Осиёи Рушд таҳти раҳбарии раиси сектори раёсати ҳолатҳои фавкуллода Тошиюки Йокотава, намояндаи доимии БОР дар Тоҷикистон Си СИ Ю баргузор гардид.
Тавре котиботи Вазорати молия хабар дод, таваҷҷӯҳи асосӣ ба натоиҷи рушди иқтисодии Тоҷикистон равона гардида, масъалаҳои вобаста ба вазифаҳои миссияи БОР оид ба баҳогузории барномаҳои дастгирии Тоҷикистон барассӣ шуданд.
Зимни мулоқот масъалаҳои соҳаи молия, гидроэнергетика, хоҷагии қишлоқ, инчунин ҳамоҳангсозии амалиёти муштарак дар доираи барномаи дастгирии буҷа, ки аз ҷониби БОР дар чунин секторҳо чун нақлиёт, савдо, соҳаи иҷтимоӣ, хароҷот вобаста ба хоҷагии қишлоқ ва чораҳои бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ барассӣ шуданд. Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи татбиқи барномаҳои муштаракро матраҳ намуданд.


