Дар Душанбе санади «Фаъолияти сохтмонӣ. Қонунгузорӣ ва ислоҳот» муаррифӣ гардид

Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон санади «Фаъолияти сохтмонӣ. Қонунгузорӣ ва ислоҳот» муаррифӣ гардид. Аз сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки муаррифиномаи мазкур бо мақсади шиносоии наздик аз қонунгузории Тоҷикистон дар бахши сохтмон, таҷрибаи кишварҳои пешқадам ва тавсияҳои беҳсозии низоми иҷозатномадиҳӣ барои […]

Далер Ғуфронов


Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс»


– Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон санади «Фаъолияти сохтмонӣ. Қонунгузорӣ ва ислоҳот» муаррифӣ гардид.




Аз сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки муаррифиномаи мазкур бо мақсади шиносоии наздик аз қонунгузории Тоҷикистон дар бахши сохтмон, таҷрибаи кишварҳои пешқадам ва тавсияҳои беҳсозии низоми иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи сохтмони Тоҷикистон баргузор гардида, он бо дастгирии техникии лоиҳаи


USAID


оид ба беҳтар кардани муҳити тиҷорат (


BEI


) дар Тоҷикистон созмон дода шудааст.



Бино ба иттилои манбаъ, дар муаррифинома зикр гардид, ки масъулияти фароҳам сохтани шароити мусоиду зарурӣ барои рушди сохтмон дар кишвар ва таъмини бехатарии корҳо дар он ба дӯши давлат вогузор шудааст.



Ҳамчунин иштирокдорони муаррифинома муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон дар бораи сохтмонро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.