Qatari Diar намунаи бинои истиқоматии сатҳи ҷаҳонии Диёри Душанберо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ

Ширкати  Qatari Diar Real Estate Investment,  ки ҳамчун ширкати пешсафи ҷаҳонӣ дар рушди устувор мавқеи муҳимро ишғол намудааст, ифтитоҳи ботантанаи намунаи бинои истиқоматии бошуқуҳро ҳамчун ҷузъи Диёри Душанбе, ки лоиҳаи инкишофи ҳамгирои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҷашн гирифт. Маросими ботантанаи ифтитоҳ бо иштироки роҳбарияти ширкати Qatari Diar, дар якҷоя бо намояндагон ва ходимони […]

пресс-релизи расмӣ


Ширкати  Qatari Diar Real Estate Investment,  ки ҳамчун ширкати пешсафи ҷаҳонӣ дар рушди устувор мавқеи муҳимро ишғол намудааст, ифтитоҳи ботантанаи намунаи бинои истиқоматии бошуқуҳро ҳамчун ҷузъи Диёри Душанбе, ки лоиҳаи инкишофи ҳамгирои ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ҷашн гирифт.

Маросими ботантанаи ифтитоҳ бо иштироки роҳбарияти ширкати Qatari Diar, дар якҷоя бо намояндагон ва ходимони воломақоми  Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҳангоми шарҳ додан ба ин рӯйдод, намояндаи ширкат гуфт, ки: “Ифтитоҳи намунаи бинои истиқоматии Диёр Душанбе қадами муҳим дар татбиқи ин лоиҳаи азим дар Тоҷикистон мебошад. Мақсади муаррифии ин намуна дар пешниҳод намудани мафҳум ва ҳамаи ҷузъиёти ин лоиҳа ба муштариёни эҳтимолӣ мебошад. Муштариёни маҳаллӣ метавонанд пешакӣ бо сифати масолеҳи сохтмон, аз ҷумла ҷойгиршавӣ ва тарҳи хонаҳои истиқоматӣ пеш аз хариди онҳо шинос шаванд”.

Ӯ инчунин илова кард, ки: “Диёр Душанбе, бори якум дар Тоҷикистон биноҳои истиқоматии бошуқӯҳро бо масолеҳи пардози ҷиддӣ, бо нархҳои дастрас ба муштариён, пайвастшавӣ ба интернети баландсуръат бо истифода аз технология пешқадам, ки ба тоза нигоҳ доштани табиат ва истифодаи сарфакоронаи барқ мусоидат менамояд, пешниҳод мекунад”.

Лоиҳаи рушди Диёр Душанбе, ин якумин лоиҳаи сармоягузориест, ки Ширкати Qatari Diar Real Estate Investment дар Осиёи Миёна амалӣ карда истодааст. Ин лоиҳа зиёда аз 68000 метри мураббаъро фаро гирифта, ҳамаи унсурҳои ҳаёти бошуқӯҳ ва муосирро дар бар мегирад. Маҷмааи мазкур аз манзилҳои варзишӣ ва истироҳатӣ, маркази савдо, муҳити зебо ва сарсабз, боғҳо бо тарҳи базеб, манзараи зебо ба сӯйи соҳили дарёи Ҳисор ва Кӯли Ҷавонон иборат мебошад.

Инчунин, маҷмаа аз хизматрасониҳои дорои хусусиятҳои баҳамто, ба мисли устуворӣ бар зидди заминҷунбӣ, систмемаи пешқадами зидди сухтор, дарҳо, тирезаҳо ва деворҳои устувори зидди сухтор, системаи амният, тарзи ҷамоварии муосири  партовҳо ва системаи обтозакунӣ, боғи кӯдакона, мағозаҳо ва бо майдони яхмолакбозии пӯшида таъмин менамояд.

Диёри Душанбе ин маҷмааи серсамте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад ва интихоби васеъи манзилҳои бошуқӯҳ, биноҳои тиҷоратӣ ва идоравӣ, меҳмонхонаи панҷситора ва маркази савдои аълосифатеро, ки ба стандартҳои байналмилаллӣ ҷавобгӯ мебошанд, пешкаш менамояд. Дар моҳи майи соли 2013, Диёри Душанбе, ҳамчун лоиҳаи рушди бисёрҷабҳа ба ҷоизаи панҷситораи Азия Пасифик Проперти Авард (Asia Pacific Property Awards) соҳиб гардид.

Моҳи августи соли 2011 Qatari Diar ва Ҳуқумати Тоҷикистон Тафоҳумномаро имзо намуданд, ки ба оғози амалӣ намудани лоиҳа замина гузошт ва бо ширкати байналмиллалӣ созишномаро барои шурӯъ намудани сохтмони фазаи 1-м ба тавсиб расониданд. Барои тарҳи нақшаи ҷои сохтмон, корҳои заминковӣ, ивази иншоотҳои коммуналӣ ва сохтани девор дар гирди ҷои сохтмон панҷ ширкати маҳаллӣ ҷалб карда шуданд.

Ба наздикӣ, 30 фоизи фазаи якуми сохтмон, ки бинои истиқоматии бисёрошёна дорои 67 адад хона, бинои маъмурӣ ва майдони марказӣ иборат хоҳад буд, ба анҷом расид.

Qatari Diar Real Estate Investment ширкати боэътимод ва маъсулиятнок буда, портфели сармоягузории худро ҳам дар Қатар ва ҳам дар сатҳи байналмиллалӣ аз санаи таъсис шудани худ дар соли 2005 босуръат зиёд намуд. Дар айни ҳол, Qatari Diar 49 лоиҳаро дар 29 кишвари ҷаҳон тарҳрезӣ ва ба нақша гирифтааст.

Ҳамчун ширкати боэътимод ва маъсулиятнок дар ҷаҳон эътирофгардида, Qatari Diar таҷрибаи беҳтарин саноатӣ ва стандартҳои устуворро дар рушди худ дар бар гирифта, истифода мебарад. Ширкат бо нигоҳдории урфу одатҳои маҳаллӣ дар давоми амалигардонии лоихаҳои бузург, ки ба урфу одатҳо ва ниёзи ҷамъияти маҳаллӣ ва иқтисоди кишвар ҷавобгӯ мебошанд, ба таври самарабахш хизмат мекунад.

Дар роҳи тараққиёти устувор, ҳифзи муҳити зист ва захираи барқ, Катарӣ Диёр стандартҳои таҷрибаи беҳтарини соҳаро риоя намуда, меъёрҳои GSAS-ро дар лоиҳаҳои соҳаи  ғайриманқул истифода мебарад. GSAS ҳамчун системаи “беҳтарин дар ҷаҳон” оид ба баҳодиҳии устувор тавсиф мешавад ва кӯшиш мекунад, ки оқибатҳои экологиро дар ҳалли ниёзҳои муҳити зисти минтақавӣ кам кунад.


Оид ба ширкати сармоягузори QATARI DIAR Real Estate Investment

Ширкати сармоягузори QATARI DIAR Real Estate Investment соли 2005 аз тарафи Раёсати сармоягузори Қатар ҳамчун поягузори иқтисоди рушдёбанда Қатар ва бо мақсади ҳамоҳангсози таҳияи афзалиятҳои инфрасохтори давлат таъсис дода шуд. Айни ҳол, Qatari Diar дар таҳия ва амалисозии 49 лоиҳа дар 29 давлати ҷаҳон иштирок менамояд.

Qatari Diar ҳама вақт тарафдори сифати аъло, мувофиқат ба урфу одати маҳал, муносибати шарикона ва оқилона истифода намудани сарватҳои табии мебошад, аз ин рӯ, он ҳамчун яке аз ширкатҳои бонуфуз ва боэътимод дар соҳаи сохтмон эътироф гардид.

Консепсияи сохтмони ҷавобгӯ ба талаботҳои экологии Qatari Diar ҷомеа ва урфу одати маҳалро дар мадди аввал мегузорад. Ҳадафи ширкат ин роҳбарии раванди сармоягузории соҳаи амволи ғайриманқул ва бунёди иншоотҳое, ки на танҳо ҷавобгӯи ҷиддитарин стандартҳои байналмилалӣ ҳастанд, балки инъикосгари фарҳанги маҳал ва арзишҳои он мебошанд. Дар натиҷа, лоиҳаҳои Qatari Diar барои ҷомеа неъматҳои устувори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологиро ба ихтиёр мегузорад. Ба замми ин, Қатари Диёр мунтазам лоиҳаҳои маҳаллӣ ва сармоягузорони байналмиллалиро барои ҳамкорӣ ва ҷустуҷӯи муштараки имкониятҳои нав дар сатҳи минтақавӣ ва байналмиллалӣ даъват менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.