Шикояти ширкати «Тоҷиксохтмон байналмилал» ба Кумитаи андоз

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Зайид Саидов 2 июл ба радиои Озодӣ хабар додааст, ки ширкати «Тоҷиксохтмон байналмилал» аз болои қарори кормандони Кумитаи андоз дар мавриди бастани ҷарима дар ҳаҷми 16 млн. сомонӣ шикоят кардаст.   «Мутобиқи қонун Кумитаи андоз бояд дар давоми як моҳ ба шикоят посух диҳад, ки оё ин қарор бозбинӣ […]

Радио "Озоди"

Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони мудофеи Зайид Саидов 2 июл ба радиои Озодӣ хабар додааст, ки ширкати «Тоҷиксохтмон байналмилал» аз болои қарори кормандони Кумитаи андоз дар мавриди бастани ҷарима дар ҳаҷми 16 млн. сомонӣ шикоят кардаст.

 

«Мутобиқи қонун Кумитаи андоз бояд дар давоми як моҳ ба шикоят посух диҳад, ки оё ин қарор бозбинӣ мешавад ё на. Бо такя ба посухи кумита мо ҳуқуқ дорем, ки пасон ба додгоҳ муроҷиат намоем»,- баён дошт вакили дифоъ.

Вакили дифоъ тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат Кумитаи андоз ширкати «Тоҷсохтмон байналмилал»-ро бо эҳтимоли пинҳон доштани андоз дар ҳаҷми 15,8 млн. сомонӣ (баробар ба $3,3 млн.)  ҷарима карданист.

Аммо ба гуфтаи роҳбари сарраёсати КА ҶТ Саидаҳтам Абдуллоев, санҷиши фаъолияти  корхонаҳои ба Зайид Саид тааллуқдошта хотима наёфтаан ва танҳо баъд аз анҷоми он қарор қабул карда мешавад. Дар ҳолати зарурӣ ҷарима  баста мешавад. Моҳи майи соли ҷорӣ Кумита дар сомонаи расмиаш иттиллоъ дода буд, ки моликияти тоҷири муваффақ ва наздикони ӯ 13 корхонаро ташкил медиҳад.

«Тоҷиксохтмон байналмилал» ширкати шӯҳратёфтаи сохтмонӣ буда, лоиҳаҳои «Душанбе плаза», «Пойтахт-80», маркази тиҷоратии «Пойтахт», маркази тиҷоратии «Соҳибкорон» ва тарҳи хонаҳои истиқоматӣ дар маҳаллаи 91-уми шаҳри Душанбе аз корҳои анҷомдодаи ин ширкат ба ҳисоб мераванд.

Фахриддин Зокиров иттиллоъ додааст, ки бо Зайд Саид дар ҳузури намояндагони тафтишот 28 июн мулоқот дошта, то имрӯз дигар имконияти вохӯриро бо ӯ надошт.

«Барои мо ҳама вақт ваъда медиҳанд, ки вохӯрии мо баргузор мешавад, аммо натиҷа баръакс аст. Дар ин маврид  ҳам роҳбари гурӯхи тафтишотӣ Холмуродов ва ҳам муовини роҳбари Оҷонсии зидди фасод Милопар Бандишоев андешаҳояшонро баён доштанд. Онҳо мегӯянд, кӯшиш мекунанд, ки ҳуқуқи мо ва Зайд Шерович риоя карда шавад, аммо то ба ҳол мо имконияти вохӯриро бо зерҳимояамон надорем»,-иброз дошт Зокиров.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.