«Парандаҳои муҳоҷир» дастраси хонандагон гашт

Нашриёти «Адиб» китоберо бо номи «Парандаҳои муҳоҷир» рӯи чоп овард. Муаллифи ин китоб Холиқназар Ҷумъаев, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон буда, нигоштаҳояш оид ба зиндагии талх ва сахти муҳоҷирони тоҷик дар Русия мебошад. Тавре муаллиф ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, китоб натиҷаи тадқиқоти гуногуни ӯ дар шаҳрҳои Русия буда, чор қисса бо номи «Бозгашт аз он […]

Аҳлиддин Салимов


Нашриёти «Адиб» китоберо бо номи «Парандаҳои муҳоҷир» рӯи чоп овард.

Муаллифи ин китоб Холиқназар Ҷумъаев, хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон буда, нигоштаҳояш оид ба зиндагии талх ва сахти муҳоҷирони тоҷик дар Русия мебошад.

Тавре муаллиф ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, китоб натиҷаи тадқиқоти гуногуни ӯ дар шаҳрҳои Русия буда, чор қисса бо номи «Бозгашт аз он дунё», «Доми фиреб», Паррандаи муҳоҷир» ва «Рӯзи сиёҳи муҳоҷир» -ро дар бар гирифтааст. Китоб дар асоси қиссаҳои воқеӣ аз соли 2005 то соли 2008 гирдоварӣ шудааст.

Ҷумъаев қайд кард, ки китоби «Парандаҳои муҳоҷир» аз рӯзгори вазнину пурмашаққати муҳоҷирони кории тоҷик, беҳуқуқиву сарсонӣ ва бепуштупаноҳии онҳо, аз ваҳшиёнату куштори тоҷикон аз тарафи сартосону миллатчиёни рус, порахӯрии милисаҳову мансабдорони гуногуни давлатии Русия, вазъи боздошти муҳочирони маҳкумшуда дар боздоштгоҳҳои муваққатӣ ва колонияҳои ислоҳотӣ ҳикоя мекунад. 

Ин китоб аз 144 сафҳа иборат буда, онро нашриёти «Адиб» бо теъдоди 1000 нусха ба чоп расонидааст.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.