Шаҳрдорӣ тӯйҳои дастаҷамъонаро анъанавӣ мекунад

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳамасола дар арафаи идҳои Наврӯз, Рӯзи ваҳдат ва Рамазон тӯйҳои хайриявии арӯсӣ ва суннатиро аз оилаҳои ниёзманди пойтахт баргузор намояд. Матлаби мазкур дар чаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси шаҳри Душанбе доир гардид, ироа шуд. Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории тӯйҳои хайриявии дастачамъона риояи […]

Азия-Плюс

Шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳамасола дар арафаи идҳои Наврӯз, Рӯзи ваҳдат ва Рамазон тӯйҳои хайриявии арӯсӣ ва суннатиро аз оилаҳои ниёзманди пойтахт баргузор намояд.

Матлаби мазкур дар чаласаи васеи шаҳрдорӣ, ки дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев – раиси шаҳри Душанбе доир гардид, ироа шуд. Зикр гардид, ки ҳадаф аз баргузории тӯйҳои хайриявии дастачамъона риояи муқаррароти танзими расму ойин, кӯмак ба оилаҳои ниёзманд ва беҳдошти вазъи ичтимоии хонаводаҳост.

Бо ин мақсад комиссияи марбутаи чамъиятӣ аз ҳисоби вакилони Мачлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва фаъолони шаҳр созмон дода хоҳад шуд, ки интихоби чуфтҳои тӯйҳои арӯсию домодӣ ва кӯдаконро дар тӯйҳои суннатӣ назорат мебаранд. Баргузории тӯйҳои хайриявӣ дар марзи шаҳри Душанбе минбаъд бо қарори марбутаи раиси шаҳри Душанбе, ки рӯзҳои наздик таҳия ва ба тасвиб мерасад, ба танзим дароварда хоҳанд шуд.

Бояд тазаккур дод, ки дар остонаи Рӯзи ваҳдати миллӣ дар «Боғи пойтахт» тӯйи суннатии беш аз 200 кӯдак аз оилаҳои ниёзманди Душанбе ва субҳи Рӯзи ваҳдат -27 июн дар толори «Душанбе Плаза» бо ҳузури президенти кишвар ва шаҳрдори Душанбе тӯйи арӯсии 64 чуфти чавон аз 4 ноҳияи пойтахт барпо карда шуда буд, ки ба кӯдакон ва навхонадорон хони тӯёна ороста шуда, ҳадяҳо инъом гардиданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.