БМТ: Пулҳои қалбакӣ ошкор нашудаанд

Бонки миллии Тоҷикистон тахмину овозаҳои баъзе аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи чумҳуриро дар мавриди дар муомилот пайдо шудани пулҳои қалбакии миллӣ инкор менамояд. Мувофики иттилои Бонки Милли Точикистон, дар соли  чорӣ дар муомилот ягон адад пулҳои тақаллубӣ ошкор ва мусодира нашудааст. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар хадамоти матбуотии БМТ гуфтанд, танҳо ба хотири пешгирӣ кардани […]

Азия-Плюс

Бонки миллии Тоҷикистон тахмину овозаҳои баъзе аз намояндагони воситаҳои ахбори оммаи чумҳуриро дар мавриди дар муомилот пайдо шудани пулҳои қалбакии миллӣ инкор менамояд.

Мувофики иттилои Бонки Милли Точикистон, дар соли  чорӣ дар муомилот ягон адад пулҳои тақаллубӣ ошкор ва мусодира нашудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар хадамоти матбуотии БМТ гуфтанд, танҳо ба хотири пешгирӣ кардани хатар аз зарари эҳтимолии ворид шудани пулҳои қалбакӣ ва дар доираи чорабиниҳои нақшавӣ БМТ ба муассисаҳои молиявӣ, ташкилотҳои қарзӣ, соҳибони нуқтаҳои мубодилаи асъор ва шуъбаҳои минтақавӣ нома ирсол намуда, тавсия дода буд, ки ҳангоми додугирифти маблағҳои пулӣ эҳтиёткор бошанд ва нисбати ин масъала чиддӣ бошанд.

БМТ кайд менамояд, ки пулҳои коғазии миллӣ дорои унсурҳои муосири химиявӣ буа, ҳама гуна амалҳои тақаллубӣ, аз қабили кӯшишҳои чопи пулҳои қалбакиро барбод медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.