Душанбе. 26-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» – Чанде қабл раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон (ММ МО ҶТ) Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Алиасғари Шеърдӯст мулоқот орост. Сарёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, ки мулоқот бо ибитикори дипломати эронӣ доир гардид.
Дар мулоқот ҷонибҳо зикр карданд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ муомилоти молӣ миёни Тоҷикистону Эрон се маротиба афзудааст. Ҷонибҳо изҳор доштанд, ки дар рушди боз ҳам бештари муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоӣ робитаҳои парлумонӣ метавонанд мусоидат намоянд.
Ба гуфтаи Ш.Саидов, М.Убайдуллоев гуфтааст, ки ҷиҳати таъсиси корхонаҳои муштарак бо истифода аз технолдогияҳои муосир пуштибонӣ хоҳад кард. «Аз ҷумла, ӯ қайд кард, ки ширкатҳои эронӣ имкон доранд ба рушду инкишофи зерсохтори бахши сайёҳии тоҷик саҳм гузоранд ва барои роҳандозии чунин фаъолият шароитҳои мусоид ва заминаи ҳуқуқии қобили қабул муҳайёст. «Айни замон барои густариши фаъолияти соҳибкорӣ тибқи талаботи меъёрҳои байнулмилалӣ масъалаи ҷорӣ сохтани як қатор имтиёзҳо дар ҳоли баррасӣ аст», – таъкид кард М.Убайдуллоев.
А.Шеърдӯст аз М.Убайдуллоев даъват ба амал овард, ки бори навбатӣ бо боздиди расмӣ ба Эрон ташриф оварад.


