Донишҷӯёни шаҳри Кӯлоб бори аввал ба омӯзиши тахассусҳои «нафту газ» фаро гирифта мешаванд

Қабули донишҷӯён дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб ба панҷ ихтисоси нав шурӯъ шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи рушди иқтисодӣ ва навоварии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб хабар дод, аз ҷумла чунин ихтисосҳои мавриди ниёз, аммо аз ин пеш ҷоринашуда, ба мисли сохтумони саноатӣ, тарҳрезии сохтумон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани […]

Турко Дикаев


Қабули донишҷӯён дар филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб ба панҷ ихтисоси нав шурӯъ шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мудири шӯъбаи рушди иқтисодӣ ва навоварии филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар Кӯлоб хабар дод, аз ҷумла чунин ихтисосҳои мавриди ниёз, аммо аз ин пеш ҷоринашуда, ба мисли сохтумони саноатӣ, тарҳрезии сохтумон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор додани қубурҳои нафтиву газӣ, нигоҳдории маҳсулоти нафтӣ, технология ва созмондиҳии бехатарии ҳаракати роҳ ба барномаи таълимӣ роҳ ёфтаанд.

Ба қавли ӯ, бо назардошти 23 ихтисоси нави имрӯз мавҷуд дар ин филиал, наздики 1700 донишҷӯ  ба таҳсил фаро гирифта хоҳанд шуд.

«Имсол 412 мутахассис аз рӯйи 18 ришта хатми таҳсил карданд. Ба соли нави таҳсил боз 565 нафари дигар қабул мекунем»,- иброз дошт А. Шоев. Ҳамчунин илова кард, ки аз донишгоҳи шаҳри Кӯлоб 730 нафарашон дар макотиби олии Русия таҳсил мекунанд ва соли ҷорӣ дар нақша аст ҳудуди 200 нафар дар донишгоҳҳо ва академияҳои ФР қабул карда шаванд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.