Вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Ҳамрохон Зарифӣ бо сафари расмӣ озими Зеландияи Нав шуд.
Сафари мазкур аввалин сафар дар сатҳи вазири корҳои хоричӣ дар таърихи муносбатҳои ду кишвар мебошад, ки барои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Зеландияи Нав такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Сомонаи расмии ВКХ хабар медиҳад, ки дар доираи сафари расмӣ вазир мулоқоти дуҷониба, аз ҷумла, бо собиқ сарвазири Зеландияи Нав ва намояндаи махсуси сарвазир оид ба Осиёи Марказӣ ва вазири корҳои хориҷии Зеландияи Нав баргузор хоҳад кард.
Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Зеландияи Нав моҳи августи соли 1992 барқарор карда шудааст. Заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ миёни ду давлат вуҷуд надорад. Дар соли 2012 табодули мол байни Тоҷикистон ва Зеландияи Нав 55 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод.



