Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон
бо Русия
масъалаи имзои Созишнома оид ба
ҳамкорӣ дар соҳаи нерӯи ҳастаӣ бо мақсад
ҳои
истифодаи осоиштаи онро мувофиқа мекунад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» дар Вазорати энергетика ва саноат хабар доданд, созишномае, ки аз 15 модда иборат аст, ҳоли ҳозир мавриди омӯзиши ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Дар Вазорат дақиқ накарданд, ки баррасӣ ва худи имзои созишнома кай анҷом меёбад.
Созишномаи мазкур қарордоди муҳими байни Русия ва Тоҷикистон барои оғози раванди рекултиватсияи партовҳои ураниюм дар қаламрави Тоҷикистон ба шумул меравад.
Дар мулоқоти ахири нахуствазири Русия Дмитрий Медведев бо вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ дар чаҳорчӯбаи Конфаронси байналмилалии «Нерӯи ҳастаӣ дар қарни 21», ки охири моҳи июн дар Санкт-Петербург доир гардид, ҷониби Русия ба ҷонибдории имзои ҳарчи зудтари созишномаи мазкур баромад кард ва сарвазир Медведев ба ҷониби Русия супориш дод корро дар ин самт бо Тоҷикистонҷљоннок кунанд.
Барномаи байналмилалии ҳадафманди «Рекултиватсияи қаламравҳои давлатҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС), ки зери таъсири саноати истихроҷи ураниюм қароргирифта» 24-уми ноябри соли 2008 аз тарафи Комиссияи намояндагони доимии ЕврАзЭС тасвиб шуд. Бар асоси ин консепсия тарҳи барнома коркард шуд.
Федератсияи Русия, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон иштирокдорони ин барнома маҳсуб мешаванд. Ширкати давлатии нерӯи ҳастаӣ – «Росатом» фармоишгар ва ҳамоҳангсози барнома мебошад.
Барнома дар қаламравҳои Қирғизистон ва Тоҷикистон татбиқ хоҳад шуд. Русия 75%-и маблағгузории ин барномаро ба зимма гирифтааст ва он бояд 1-уми январи соли 2013 роҳандозӣ мешуд. Дар маҷмӯъ барои ин барнома, ки ба шаш сол, яъне то соли 2018 ба нақша гирифта шудааст, $38,5 млн. ҷудо карда хохад шуд, ки аз ин миқдор маблағ 15%-ро Қазокистон ва 5 фисадияшро Қирғизистону Тоҷикистон ҷудо мекунанд.
Мақсади асосии барнома коҳиши хатарҳои сар задании ҳолатҳои фавқулодда дар пайи олоишоти ҳастаӣ дар қаламравҳои давлатҳои узви ЕврАзЭС, ки зери таъсири корхонаҳои истихроҷ ва коркарди дубораи ураниюм қарор гирифтаанд, ислоҳи технологияҳои корҳои рекултиватсионӣ, инчунин таъмини шартҳои бехатари будубош ва тавонбахшии иҷтимоии аҳолӣ дар ин манотиқ аст.
Дар натиҷаи татбиқи барномаи мақсаднок коҳиши сатҳи ифлосшавии радиатсионии ҳудудҳои зери таъсири корхонаҳои ураниюм қароргирифта, коҳиши майдонҳои манотиқи олудаи радиатсия пешбинӣ мешавад.



