Болоравии нархи гӯшт дар моҳи Рамазон тайи шаш соли охир (инфографика)

Нархи гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба гунае арзон карда шудааст. Ин ҳам пас аз ҷаласаи раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ахиран бо иштироки як гурӯҳ соҳибкорон ва раисони бозорҳои пойтахт, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои қудратӣ доир гардид. Тибқи нархномаи дар ҷаласаи шаҳрдорӣ муқарраршуда, барои як кило гӯшти гов 29 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд […]

Аҳлидин Салимов


Нархи гӯшт дар бозорҳои шаҳри Душанбе ба гунае арзон карда шудааст.

Ин ҳам пас аз ҷаласаи раиси шаҳр Маҳмадсаид Убайдуллоев, ки ахиран бо иштироки як гурӯҳ соҳибкорон ва раисони бозорҳои пойтахт, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ниҳодҳои қудратӣ доир гардид. Тибқи нархномаи дар ҷаласаи шаҳрдорӣ муқарраршуда, барои як кило гӯшти гов 29 сомонӣ ва гӯшти гӯсфанд 30 сомонӣ арзиш гузоштаанд.

Тавре мо имрӯз дар ду бозори калони шаҳр – “Саховат” ва “Шоҳмансур” мушоҳида кардем, дар варақаи калоне арзиши як кило гӯшт 29 сомонӣ навишта шудааст. Вале гӯште, ки ба ин нарх фурӯхта мешавад, ба ибораи фурӯшандагон “добавка” (иловаи устухону чарбу ва рагу пайванд) дорад. Савдогарон ишораҳое мекарданд, ки “гӯшт барои дӯстон” низ ҳаст.

Дар инфографикаи зер болоравии нархи гӯшти гову гӯсфанд дар якчанд моҳи Рамазон инъикос гардидааст:

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.