Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Зеландияи Нав дидору гуфтугӯ карданд

Имрӯз дар шаҳри Окланд мулоқоти вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Зеландияи Нав Маррей Макалли баргузор гардид. Тибқи маълумоти раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар раванди сӯҳбат роҳҳои ташкили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо роҷеъ ба масоили минтақавӣ ва самтҳои муносибатҳо […]

Азия-Плюс


Имрӯз дар шаҳри Окланд мулоқоти вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири корҳои хориҷии Зеландияи Нав Маррей Макалли баргузор гардид.

Тибқи маълумоти раёсати иттилооти вазорати корҳои хориҷии ҶТ, дар раванди сӯҳбат роҳҳои ташкили заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ, дурнамои ҳамкориҳоро дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо роҷеъ ба масоили минтақавӣ ва самтҳои муносибатҳо дар доираи созмонҳои байнулмилалӣ табодули назар карданд.  Дар ҷамъбасти мулоқот вазирони корҳои хориҷӣ Изҳороти муштаракро, ки ба таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Зеландияи Нав ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байнулмилалӣ равона карда шудааст, ба имзо расониданд.

Дар ҳамин рӯз вохӯрии Ҳамрохон Зарифӣ бо намояндаи махсуси сарвазири Зеландияи Нав оид ба Осиёи Марказӣ Ҷим Болҷер доир гардид. Зимнан вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон зикр кард, ки мулоқоти мазкур саҳифаи тозаеро дар муносиботи дуҷониба боз менамояд ва қадами муҳим дар роҳи наздикшавии мардуми ду кишвар аст.

Дар ҷараёни сӯҳбат ҷонибҳо масоили оғози ҳамкориҳои Тоҷикистону Зеландияи Навро дар соҳаҳои энергияи барқароршаванда, кишоварзӣ ва сайёҳӣ, ки дар ин бахшҳо ҷониби Зеландияи Нав таҷрибаи хуб дорад, мавриди баррасӣ қарор доданд. Инчунин дар ин мулоқот масъалаҳои минтақавӣ ва мавзӯи Афғонистонро матраҳ гардиданд.

Ҳамрохон Зарифӣ аз намояндаи махсуси сарвазири Зеландияи Нав оид ба Осиёи Марказӣ даъват ба амал овард, то ба Тоҷикистон сафар анҷом диҳад.

Дар давоми рӯз вазири корҳои хориҷии ҶТ сафари расмиро ба Зеландияи Нав анҷом дода, бо сафари корӣ озими Австралия шуд. Зимни ин боздид мулоқоти Ҳамрохон Зарифӣ бо вазири савдо, иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Австралия, намояндагони як қатор ширкатҳои австралиягӣ, инчунин бо диаспораи тоҷикони муқими ин кишвар ба нақша гирифта шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.