Тоҷикистон роҷеъ ба вазъи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дар назди СММ гузориш медиҳад

Тоҷикистон дар Женева дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ доир ба равиши татбиқи Муоҳидаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ гузориш  медиҳад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз  Дафтари ҳуқуқи башар ва риояи қонунияти ҶТ хабар доданд, Тоҷикистонро ҳайати васеъи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии вазири адлия Рустам Менглиев, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқи кишвар намояндагӣ мекунанд. «Дафтари […]

Азия-Плюс


Тоҷикистон дар Женева дар Кумитаи ҳуқуқи башари СММ доир ба равиши татбиқи Муоҳидаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ гузориш  медиҳад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз  Дафтари ҳуқуқи башар ва риояи қонунияти ҶТ хабар доданд, Тоҷикистонро ҳайати васеъи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии вазири адлия Рустам Менглиев, инчунин намояндагони ташкилотҳои ҳомии ҳуқуқи кишвар намояндагӣ мекунанд.

«Дафтари ҳуқуқи башар ва риояи қонунияти ҶТ бо дастгирии молиявии Шӯъбаи Ташкилоти байналҳалқии Институти «Ҷомеаи кушода-Бунёди мадад дар Тоҷикистон» 10-уми июл пахши мустақими видеоии баромади ҳукумати Тоҷикистонро бо гузориши миллӣ барпо мекунад.  Пахши мустақим аз соати 13 то 15 ба вақти Душанбе дар маҷлисгоҳи маҷмааи «Гулистон-тур» бо нишонии шаҳри Душанбе, кўчаи Теҳрон, 21 баргузор мегардад»,- қайд карданд дар ин дафтар. Кулли хоҳишмандон метавонанд дар ин чорабинӣ иштирок кунанд.

Ёдрас мекунем, ки 8-уми июл дар Женева иҷлосияи 108-уми Кумитаи ҳуқуқи башари СММ ифтитоҳ ёфт. Дар ҷараёни ин иҷлосия гузоришҳои ҳукуматҳои Албания, Чехия, Финланд, Индонезия, Тоҷикистон ва Украина дар бораи вазъи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар ин кишварҳо баррасӣ хоҳанд шуд.

Тавре Маркази ахбороти СММ иттилоъ медиҳад, иҷлосияи кунунӣ то 26-уми июл идома мекунад. Баррасии гузориши Украина ба 8-9-ум ва аз Тоҷикистон ба 9-10-уми июл ба нақша гирифта шудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.