Амиршоева: Даъвати ман як насиҳат аст, на ташаббуси қонунгузорӣ

– Андешаи ман дар бораи ба хотири ҳифзу нигаҳдории генофонди миллати тоҷик ба хориҷиён ба шавҳар набаромадани тоҷикзанону духтарон, дар аксари васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ ҳамчун ташаббуси қонунгузории вакили палатаи поёнии парлумон маънидод шудааст, ки ман ба ин қатъиян розӣ нестам, – ибрози назар кард дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили МНМО ҶТ […]

Аваз Юлдошев


– Андешаи ман дар бораи ба хотири ҳифзу нигаҳдории генофонди миллати тоҷик ба хориҷиён ба шавҳар набаромадани тоҷикзанону духтарон, дар аксари васоити ахбори умуми ватаниву хориҷӣ ҳамчун ташаббуси қонунгузории вакили палатаи поёнии парлумон маънидод шудааст, ки ман ба ин қатъиян розӣ нестам, – ибрози назар кард дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили МНМО ҶТ Саодат Амиршоева.

Номбурда таъкид намуд, ки ҳамчун ҳуқуқшиноси касбӣ бахубӣ огоҳ аст, ки дар давлат ва ҷомеаи мутараққиву демократӣ аз рӯи қонунгузорӣ манъ кардани чунин никоҳҳо қотеъона ғайриимкон мебошад.

«Панду насиҳати ман бобати ба мардони дигар мазҳаб, намояндагони миллатҳои гуногун – русҳову чиниҳо ва дигарон ақди никоҳ набастани занону духтарони тоҷик аз ин лиҳоз аст, ки ба кӯдакони аз ин никоҳҳо тавлидшуда расму русум ва оинҳои милли мо бегона хоҳанд буд», – иброз дошт вакил.

Дар ҳамин ҳол, ӯ бар ин назар аст, ки ин гуна панду насиҳатҳои ӯ набояд миллатгароӣ унвон шаванд. «Ман ба намояндагони тамоми миллатҳо эҳтиром қоилам, вале хоҳони онам, ки кӯдакону наберагони ман идомадиҳандаи фарҳангу забон ва дину оини ҷадди худ бошанд ва барои ин маро ба миллатгароӣ айбдор намудан, ҳадди ақал бемаънӣ аст», – таъкид дошт Амиршоева.

Вакил ҳамчунин аз он изҳори тааҷҷуб намуд, ки то ҳанӯз рӯҳониёни сершумори тоҷик мавқеи худ дар масъалаи ба намояндагони мазҳаби дигар ба шавҳар баромадани занону духтарони тоҷикро муайян накардаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.