Бонкҳои Тоҷикистон ба рейтинги 100 бонки бузургтарини ИДМ шомил нестанд

Коршиносони Агентии рейтинги «РИА Рейтинг» таҳқиқоти навбатии ҳамасолаи бахшҳои бонкии кишварҳои узви ИДМ-ро доир намуданд, ки тибқи он рейтини 100 бонки бузургтарини ИДМ ба санаи 1-уми январи соли 2013 таҳия гардид. Дар иттилоъ зикр мегардад, ки маълумот барои рейтинг аз сарчашмаҳои кушода – ҳисоботи молиявии бонкҳо, варақаҳои оморӣ ва дигар маводи интишории бонкҳои марказии кишварҳои […]

Заррина Эргашева


Коршиносони

Агентии рейтинги «РИА Рейтинг»

таҳқиқоти навбатии ҳамасолаи бахшҳои бонкии кишварҳои узви ИДМ-ро доир намуданд, ки тибқи он рейтини 100 бонки бузургтарини ИДМ ба санаи 1-уми январи соли 2013 таҳия гардид.

Дар иттилоъ зикр мегардад, ки маълумот барои рейтинг аз сарчашмаҳои кушода – ҳисоботи молиявии бонкҳо, варақаҳои оморӣ ва дигар маводи интишории бонкҳои марказии кишварҳои узви ИДМ дастрас шуда, ин рейтинги сеюми таҳиянамудаи Агентӣ мебошад.

Ба мисли рейтингҳои пешин, ҳеҷ яке аз бонкҳои Арманистон, Қирғизистон, Молдова ва Тоҷикистон дар сафи бузургтарин бонкҳои ИДМ ҷой гирифта натавонистанд.

Сарфи назар аз ҷараёни мусбати афзоиши дороиҳо дар соли 2012, бонкҳои Қирғизистону Тоҷикистон ҳатто дар маҷмӯъ барои касби мақом дар сафи 100 бонки кишварҳои узви ИДМ ҳаҷми кофиро доро нестанд. «Ба аввали соли равон дороиҳои бонки бузургтарини Тоҷикистон – «Агроинвестбонк» 453 млн. $-ро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба дороиҳои «Связной Банк» панҷуним маротиба камтар буда,тақрибан ба дороиҳои бонки 200-умин дар рӯйхати Русия мувофиқанд», – зикр мегардад дар таҳқиқот.

Дар рейтинги мазкур низоми бонкии Русия пешсаф буда, аз 100 бонки бузургтарини кишварҳои узви ИДМ 69-тоаш дар қаламрави Русия ба қайд гирифта шудаанд ва ин нишониҳанда нисбат ба соли 2012 се адад бештар аст.

«Соли 2012 дороиҳои маҷмӯавии низомҳои бонкии кишварҳои узви ИДМ 23,1% афзуда, то ба 1,96 трлн. доллари ИМА расиданд ва агар аз як тараф ин рақамҳо хеле бузург ба назар расанд ҳам, аз рӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ ин миқдор он қадр бузург нест, зеро барои намуна ҳаҷми дороиҳои яке аз бонкҳои бузургтарини ҷаҳон – Deutsche Bank қариб якуним маротиба аз дороиҳои тамоми бонкҳои ИДМ зиёдтар аст.

Тибқи пешгӯиҳои Агентӣ, ҳаҷми афзоиши дороиҳои бахши бонкии ИДМ дар соли 2013 каме суст шуда, тахминан 10-15% дар ҳисоби доллариро ташкил хоҳад дод ва сабабаш заъиф шудани қурби асъорҳи миллӣ, аз ҷумла рубли русӣ нисбати доллар ва ҳамчунин коҳиши суръати рушди иқтисодӣ унвон мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.