Ғолибияти ҷавонони тоҷик дар Малайзия (акс ва садо)

Ҷавонони тоҷик Беҳзод Икромов ва Раҷабиён Комрон, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал Форобӣ дар  Саммити глобалии модели ҷавонони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) дар байни 50 давлати ҷаҳон ҷойи дуюмро сазовор шуданд. Тавре Беҳзод Икромов дар сӯҳбати телефонӣ ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, аз 2-юм то 6-уми июл дар шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти […]

Гурдофариди Соҳибназар


Ҷавонони тоҷик Беҳзод Икромов ва Раҷабиён Комрон, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал Форобӣ дар  Саммити глобалии модели ҷавонони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) дар байни 50 давлати ҷаҳон ҷойи дуюмро сазовор шуданд.

Тавре Беҳзод Икромов дар сӯҳбати телефонӣ ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, аз 2-юм то 6-уми июл дар шаҳри Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия Саммити глобалии модели ҷавононони давлатҳои узви СҲИ баргузор гашт. Дар ин ҳамоиш, ки иштирокдорони он 150 ҷавон аз 50 давлати ҷаҳон буданд, Беҳзод Икромов ва Раҷабиён Комрон бо дӯсти қазоқистониашон Нурумов Кайдар Тоҷикистон ва Қазоқистонро муаррифӣ карданд. Иштирокдорон дар се сессияе, ки дар доираи саммити мазкур баргузор гашт, намунаву нақашаи худро дар мавзӯи «Чӣ гуна СҲИ метавонад дар ҳамдиливу ҳамбастагии тамоми мусулмонони ҷаҳон мадад расонад?» пешниҳод карданд.

Беҳзод гуфт, чун давлатҳои исломӣ рӯзҳои охир бо як қатор мушкилот рӯ ба рӯ гардидаанд, аз ҷумла, мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва диниву мазҳабӣ, мақсади ҷамъомади мазкур ҳам пайдо сохтани роҳи ҳалли онҳост.

Ӯ қайд кард: «Мо се мавзӯи муҳимро баррасӣ кардем: интегратсияи иқтисодии давлатҳои узви СҲИ, сатҳи иштироки занон дар сиёсат ва аз байн бурдани мушкили муноқишаҳои байнидиниву байнимазҳабӣ. Дар масъалаи якум, мо дар робита ба сиёсати давлати Тоҷикистон пешниҳодҳо кардем. Аз ҷумла, чӣ тавр метавон ҳамкории иқтисодиро байни давлатҳои СҲИ пеш бурд ва сайқал дод».

 

Sohibnazar Sohibnazar”s Slidely by

Slidely – Slideshow maker

Ба гуфтаи Икромов, яке аз роҳҳои ҳалли мушкил, ки дар саммити мазкур аз ҷониби дастаи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар мавриди иштироки занон дар сиёсат садо дод, ҷудо кардани грантҳои бештар барои давраҳои омӯзишии занон, ҷорӣ кардани миқдори зиёдтари квотаҳо барои таҳсили онҳо дар макотиби олӣ, гузаронидани трненингҳои тавсеаи дониши сиёсиву иқтисодӣ ва тавассути ВАО бурдани ташвиқот дар бораи баробарҳуқуқии занон буд. 

Ёдрас мешавем, ки соли 2010 ва 2011 яке аз аввалин давлатҳое, ки

роҳбарии саммитро

ба ӯҳда дошт, Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.