На ҳамаи сокинони пойтахт арзоншавии нархҳоро дар моҳи Рамазон эҳсос карданд (видео)

Бо фарорасии моҳи Рамазон тибқи фармони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нархи як қатор маводи х ӯ роквор ӣ дар бозорҳо арзон карда шуд. Хабарнигори «Азия-Плюс» ин мавз ӯ ъро пайгир ӣ кард, ки оё воқеан ҳам чунин аст? Пурсиш дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт гузаронида шуд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки нархҳои баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ, ба […]

Парвина Ҳамралиева


Бо фарорасии моҳи Рамазон тибқи фармони раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев нархи як қатор маводи х


ӯ


роквор


ӣ


дар бозорҳо арзон карда шуд. Хабарнигори «Азия-Плюс» ин мавз


ӯ


ъро пайгир


ӣ


кард, ки оё воқеан ҳам чунин аст?

Пурсиш дар бозори «Шоҳмансур»-и пойтахт гузаронида шуд. Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки нархҳои баъзе маҳсулоти хӯрокворӣ, ба мисли сабзӣ, пиёз, картошка, орд ва равған дарвоқеъ поин рафтаанд. Аммо, ба гуфтаи мусоҳибон, ба ин нарх маҳсулоти начандон хушсифатро метавон харидорӣ кард, аз ҷумла, гӯшти арзон бештар аз устухону чарбу иборат аст.


AP-Vox-Pop

from

Asia-Plus

on

Vimeo

.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе аз 8-уми июл дар давоми  моҳи шарифи Рамазон ба фурӯш баровардани маводи асосии истеъмолӣ бо нархҳои зерин пешбинӣ гардидааст: гӯшти гов то 29 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд то 30 сомонӣ, орди навъи якум аз гандуми воридгардида аз хориҷа то 2,6 сомонӣ, картошка то 1,5 сомонӣ, бехпиёз то 65 дирам, сабзӣ то 1,6 сомонӣ, шакар то 4,2 сомонӣ, равғани рустанӣ то 7,5 сомонӣ, биринҷ то 6 сомонӣ барои як килограмм, шир дар бозорҳо то 3,5 ва шири истеҳсоли ҶСК «Комбинати шири Душанбе» 4,5 сомонӣ барои як литр, тухм то 5о дирам барои як дона ва гӯшти мурғи ҶСК «Мурғи ҳилол»-и ноҳияи Файзобод 7 сомонӣ барои як килограмм.


Шаҳрдорӣ ҳамчунин аз сокинони пойтахт даъват ба амал овардааст, ки ба маъмурияти шаҳр дар мавриди назорати риоя шудани нархгузории мазкур дар бозорҳо мусоидат намоянд ва оид ба ҳамаи далелҳои ҳуқуқвайронкунӣ тавассути торнамоҳои


www.dushanbe.tj


,


www.mometavonem.tj


,


www.bemiyonaravho.tj


ва имайли


[email protected]


муроҷиат кунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.