Хатлон: Боздошти 21 нафар ба гумони ифротгароӣ дар ним сол

Аз оғози сол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон 17 ҷинояти дорои хусусияти ифрогароиро ошкор намуданд. Ба гуфтаи ёвари прокурори вилоят Анвар Назаров, аз рӯйи далелҳои ошкоршуда нисбати 21 нафар асосан тибқи моддахои 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 187 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ) ва 307 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)-и КҶ ҶТ 15 […]

Сайраҳмон Назриев


Аз оғози сол мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Хатлон 17 ҷинояти дорои хусусияти ифрогароиро ошкор намуданд.

Ба гуфтаи ёвари прокурори вилоят Анвар Назаров, аз рӯйи далелҳои ошкоршуда нисбати 21 нафар асосан тибқи моддахои 189 (Барангехтани   кинаю  адовати  миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ), 187 (Ташкили иттиҳоди  ҷиноятӣ) ва 307 (Ташкили иттиҳоди экстремистӣ (ифротгароӣ)-и КҶ ҶТ 15 парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

«Аз ин шумор чор парванда нисбати 7 нафар ба суд ирсол гардида, оид ба ду парванда мурофиаи судӣ баргузор ва гунаҳкорон муҷозот шуданд. Чор парвандаи ҷиноӣ нисбати 5 нафар дар робита ба ҷустуҷӯӣ онҳо мутаваққиф ва парвандаҳои дигар дар ҳоли тафтиш қарор доранд», – зикр кард Назаров.

Ба қавли ӯ, 15 нафар гумонбарон сокинони деҳаи Қизил Нишони ноҳияи Қубодиён, 2 нафарӣ – сокинони ноҳияи Шаҳритӯсу Хуросон ва 1 нафарӣ сокинони ноҳияҳои Ҷомӣ ва Вахш мебошанд. «Аксари онҳо дар Русия ба узвият дар Ҳаракати исломии Ӯзбекистон ҷалб карда шудаанд», – афзуд номбурда.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.