Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки вақте Тоҷикистону Ӯзбекистонро ба сафи кишварҳои номуваффақ шомил месозанд, ӯ ба ин розӣ буда наметавонад, зеро ин кишварҳо давлатҳои амнтарини имрӯза буда, чунин андешарониҳо ҳеҷ асосе надоранд.
Ӯ мутмаин аст, ки кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон дарвоқеъ ҳам комилан мустақиланд, зеро барои идоракунии давлат аз тамоми сохторҳои зарурӣ бархӯрдоранд.
«Агар бархе аз коршиносон чунин андешаронӣ кунанд, ин маънои онро надорад, ки мо дар кишварҳои номуваффақ зиндагӣ дорем. Гузашта аз ин, коршиносони дигаре мавҷуданд, ки қотеъона ин ақидаҳоро рад месозанд», – афзуд муовини директори МТС.


