Ифтитоҳи Маркази нави ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббӣ дар пойтахт

Дар бинои 15-уми Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) Маркази нави ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббӣ ифтитоҳ гардид. Ин марказ қаблан дар бинои Вазорати корҳои дохилии кишвар фаъолият дошт. Зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов дар ин робита изҳор намуд, ки маросими ифтитоҳи марказ санаи 11-уми июл доир гардида, он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин […]

Меҳрангез Турсунзода


Дар бинои 15-уми Маркази миллии тиббӣ (Қарияи Боло) Маркази нави ҷумҳуриявии ташхиси судиву тиббӣ ифтитоҳ гардид. Ин марказ қаблан дар бинои Вазорати корҳои дохилии кишвар фаъолият дошт.

Зимни нишасти хабарӣ вазири тандурустии ҷумҳурӣ Нусратулло Салимов дар ин робита изҳор намуд, ки маросими ифтитоҳи марказ санаи 11-уми июл доир гардида, он бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин шудааст.

«Чун огаҳ будем, ки муваққатан дар бинои ВКД қарор дорем, аз ин рӯ, онро аз таъмири асосӣ бароварда наметавонистем ва мудом таъмири ҷорӣ гузаронида мешуд», – гуфт вазир.

Дар ҳамин ҳол, мушкилоти номукаммалии хулосаҳои судиву тиббиро коршиносон ба таъминоти фаннӣ нисбат медиҳанд. Ба андешаи коршиносон, исботи далели истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмона ва ҳамчунин дигар амалҳои ба ин монанд, ки ба гумонбаршуда ё айбдоршаванда зарари ҷисмонӣ расонида мешавад, аксаран қариб ғайриимкон аст. Мушкилоти асосӣ дар ин самт мавҷуд набудани ташхиси мустақили судиву тиббӣ унвон мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.